Вохӯрии Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинони ноҳияи Рашт

№109 (4692) 06.09.2023

ДИЛОВАРИ МИРЗО (2)Чоруми сентябри соли равон дар ­Қасри фарҳанги шаҳраки Ғарм мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Маҳмадтоир ­Зокирзода бо фаъолону масъулони ­ноҳияи Рашт баргузор шуд. Вохӯриро узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ ифтитоҳ бахшида, суханро ба Маҳмадтоир Зокирзода дод.

- Дар натиҷаи талошу заҳмат ва ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти давлатӣ дар сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Дар зарфи сию ду сол мо ба шарофати роҳнамоӣ ва заҳмати софдилонаи Пешвои миллат дар роҳи таъмини рушди сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем, — гуфт дар оғози суҳбат Маҳмадтоир Зокирзода.

Зикр гардид, ки қонунгузорӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар тӯли фаъолияти чор иҷлосияи гузашта 114 маҷлиси Шӯро ва 88 ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар онҳо 2 ҳазору 446 санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин давра 376 қонун, аз ҷумла 58 қонуни мукаммал, 6 кодекс, 19 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 178 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, 115 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо таҳия ва манзур карда шуда, аз он 277 қонун қабул гардидаанд. Инчунин, 163 созишномаю протокол тасдиқ карда шуданд.

- Дар ин давра робитаҳои байнипарламентӣ бо кишварҳои ҳамҷавор тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ тақвият дода шуда, фаъолияти онҳо ба гус­тариши равобити байнипарламентӣ нақши босазо гузошта истодаанд. Дар замони истиқлолияти давлатӣ бо роҳбарӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат як қатор барномаҳои давлатию стратегиро қабул намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардидааст. Аз ҷумла, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсул ҳадафҳои стратегии миллӣ муайян карда шуданд, ки онҳо тадриҷан амалӣ гардида истодаанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ таъмин гардида, барои расидан ба ҳадафи олӣ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, корҳои зиёд ба анҷом расонида шуд.

ДИЛОВАРИ МИРЗО (3)Дар натиҷаи амалигардонии ҳадафи дигари стратегӣ барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои мамлакат, инчунин, раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми имкониятҳо барои ҳалли масъалаҳои бунёду азнавсозии роҳҳо мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст, ки албатта, барои ба давлати дорои шароити муосири транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистон дар натиҷаи талошу кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (новобаста аз афзоиши талабот, яъне аҳолӣ қариб як баробар афзоиш ёфт, инчунин теъдоди корхонаю коргоҳҳои саноатӣ даҳҳо маротиба зиёд гардид) камбудию норасоиҳоро бартараф намуда, ба як давлати содиркунандаи энергия мубаддал гашт. Дар ин самт, ҳоло лоиҳаҳои бузурги бунёди неругоҳҳои барқи обӣ амалӣ гардида истодаанд ва дар солҳои наздик бо бунёди НБО «Роғун» ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обии мавҷуда иқтидори энергетикии мамлакат афзоиш дода шуда, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз лиҳози истеҳсол ва содироти неруи барқ мавқеи ­баландро ишғол хоҳад кард.

Ҳанӯз аз даврони аввали истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои илму маориф, танду­рустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва муҳими мамлакат ҳисобида, дар ин самт корҳои назаррасро амалӣ намудааст.

Новобаста аз афзоиш ёфтани аҳолии Тоҷикистон дар натиҷаи ғамхорию дастгириҳои Ҳукумати мамлакат муассисаҳои таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир дар ҳама гӯшаю канори мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияҳои дурдаст ва кӯҳистон, сохта шуда, норасоию камбудиҳои соҳа қариб пурра бартараф шуданд.

Дар доираи амалигардонии ҳадафи стратегӣ саноатикунонии босуръати кишвар корҳои назаррас ба сомон расонида шуда, ҳоло дар самти таъсису барқарорсозии корхонаҳои нав, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, инчунин роҳандозии коркарди ниҳоии ашёи хом бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ чораҳои иловагӣ андешида шуда истодааст.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зикр намуд, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маданияти истифодабарии замин куллан беҳтар гардида, аз як қитъаи замини обӣ гирифтани ду — се ҳосил ба ҳукми анъана даромад. Дар натиҷа, фаровонии бозори истеъмолӣ таъмин гардида, содироти маҳсулот тадриҷан рушд кард.

- Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои пуртазоди сиёсӣ ҳамон миллате манфиатҳои худро ҳимоя карда метавонад, ки Роҳбари оқилу доно ва Пешвои ватанпарвару дурандеш дошта бошад. Мо, хушбахтона, чунин Сарвари давлат ва Пешвои миллат дорем, ки тамоми ҳастиашонро дар роҳи ҳифзи истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комилу пойдории сиёсӣ, ­сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон бахшидаанд. Ба ҷо овардани ин рисолати бузурги давлатдорӣ, аз мо танҳо дар атрофи Сарвари давлат аз ҳарвақта дида, зичтару устувортар сарҷамъ буданро тақозо менамояд. Боварии комил дорам, ки дар ин амал мардуми шарифи ҷумҳурӣ, бахусус мардуми сарбаланди водии Рашт, чун ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Сарвари давлат боқӣ хоҳанд монд, — иброз намуд Маҳмадтоир Зокирзода.

Сипас, собиқадори меҳнат Аъзам Ҳасанов, муовини ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Макнуна Шарифова ва имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳраки Ғарм Мустафо Амиров сухан карда, аз ҷумла иброз доштанд, ки сокинони ноҳия сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, барои дар ҳаёт татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат содиқона заҳмат мекашанд ва дар ободсозии Тоҷикистони азиз ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳм мегузоранд.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»