Баррасии ҳолати риоя ва иҷрои бархе аз қонунҳо

№78 (3558) 18.06.2016

14 июни соли равон бо ҳузури масъулини вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, раисони як зумра ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони масъули прокуратура ва дигарон ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он натиҷаи санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак», «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи милитсия», вазъи баррасии аризаю иттилоот оид ба ҷиноятҳо ба муқобили озодӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, сабабҳои содиршавии ин ҷиноятҳо нисбат ба хурдсолону ноболиғон ва чораҳои пешгирии онҳо, ҳолати иҷрои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти нозирони минтақавии мақомоти корҳои дохилиро дар мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм ба танзим медароранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз рӯи ин масъалаҳо гузориши сардорони раёсатҳои марбутаи Прокуратураи генералӣ ва масъулини сохторҳои дахлдори вазоратҳои корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шунида, натиҷаи фаъолияти онҳо аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба таҳлилу баррасӣ шуд.

Бо қарори ҳайати мушовара дар назди раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати минбаъд ҳам пурзӯр намудани назорати прокурорӣ дар соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта шуда, ба роҳбарону масъулони вазорату идораҳо тавсияҳои судманд дода шуд.

«Садои мардум»