Масъулон рӯзнома намехонанд, вагарна…

№8 (3958) 19.01.2019

Аз таҳлили номаҳои дар соли 2018 расида бармеояд, ки эътимод ва таваҷҷуҳи хонандагон ба рӯзнома сол то сол дар афзоиш аст. Илова ба хабару мақола, лавҳаю гузоришҳои мухбирони ҷамоатӣ, соли гузашта роҷеъ ба масоили гуногуни зиндагӣ 52 нафар ба идораи рӯзнома муроҷиат карданд. Бархе ба идора омада, шифоҳӣ аз мушкилот ҳарф заданд, қисмати дигар тавассути почтаи электронӣ нома ирсол карданд. Дар натиҷа, 32 матлаб зери рубрикаи «Ба мо муроҷиат мекунанд» рӯи чоп омад. Албатта, корафтодагон бо умеду боварӣ ба идораи рӯзнома меоянд, то арзи онҳоро тавассути нашрия масъулон шунаванд ва кумак расонанд. Мутаассифона, маълум гардид, ки қисми зиёди «масъулон» рӯзнома намехонанд. Чунки дар давоми сол беш аз 50 матлаб ба нашр расид, ки аз роҳбарони сатҳу мақоми гуногун вокуниш талаб менамуд. Агар, воқеан масъулин рӯзнома мехонданд, шояд ба масъалаҳо таваҷҷуҳ намуда, ба ҳалли масоили мавҷуда расидагӣ мекарданд. Ҳол он ки тибқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» (аз 7 феврали 2009 № 622) роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро мебояд:

«ҷиҳати вокуниш ба мулоҳизаҳои танқидӣ ва пешниҳодҳое, ки дар воситаҳои ахбори омма иброз мегарданд, дар муҳлатҳои тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ муқарраргардида тадбирҳои бетаъхири мушаххас андешида, аз натиҷаи баррасии онҳо ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи дахлдор иттилоъ диҳанд.».

Баъзан вақт, вокунишу ҷавобҳо аз вазорату идора ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо танҳо ҳамон вақт мерасанд, ки илова ба матлаби дарҷшуда идораи рӯзнома ба унвони онҳо нома ирсол намояд. Ин корро ба он хотир анҷом медиҳем, ки умеди охирини муроҷиаткунандагон барбод наравад ва то имкон ҳаст, ба ҳалли қазияи онҳо мусоидат кунем. Воқеан, бемасъулиятӣ ва бетаваҷҷуҳии бархе аз мансабдорон боис мегардад, ки мардум ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилот моҳҳо ва ҳатто солҳо саргардон шаванд.

Соли гузашта 22 вокуниш — ҷавоби идораю ташкилотҳо ба мақолаҳои танқидиву таҳлилӣ ворид шуд. Боиси зикр аст, ки бори нахуст аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якбора ба ду мақола оид ба ободонии соҳилҳои дарёи Душанбе ва истифодаи мақсадноки мавзеи собиқ бинои кинотеатри «Ташкент» ҷавоб расид, ки дар он ҳамраъйии масъулин ба мавқеи рӯзнома изҳор шудааст. Дар ҷавоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мақолаи Ҷ. Сабоҳиддин — «Чаро талаботи қонун дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон иҷро намешавад?» мавҷуд будани камбудиҳо дар соҳа эътироф гардида, қайд мешавад, ки ҷиҳати бартараф намудани онҳо тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мегарданд. 17 октябри соли 2018 ҳамин гуна ҷавоб ба муроҷиати иштирокчии ҶБВ Назар Ҷафарови 95-сола бо унвони «Оё ба иштирокчиёни ҶБВ бенавбат хизмат расонида мешавад?», ки дар он аз хусуси гирифта натавонистани пасандоз сухан мерафт, аз номи раиси ҶСК «Агроинвестбонк» М. Алимардон ба идораи рӯзнома ворид гардид. Дар он, аз ҷумла, омадааст: «Масъалаи пардохти пасандози мизоҷ Ҷафаров Назар Саидович дар мадди назари роҳбарияти бонк қарор дода шуда, то беҳтар гардидани вазъи пардохтпазирӣ, ба мизоҷ амвол ва воситаҳои асосии фурӯхташавандаи бонк пешниҳод карда мешавад». Ҳамчунин, баъди ирсоли мактуби идора ба матолиби танқидиву таҳлилии «Қаҳрамон»-и матбуот», (№33 (3827), аз 13 марти соли 2018), «Буғи шифобахши «Хоҷа обигарм» дар ҷаҳон ҳамто надорад», (№41 (3835) ва «Кӣ  Ҷумъабойро аз замин маҳрум кардан мехоҳад?», (№7 (3801), аз 16 январи соли 2018) аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷавоб ворид шуд. Ба мактуби С. Гулов - раиси Ассотсиатсияи нақлиётчиёни мусофирбари Ҷумҳурии Тоҷикистон, М. Хоҷаев - ҳуқуқшинос, Т. Тошов - раиси Иттифоқи касабаи ҳамин муассиса ва И. Қараев - директори иҷроияи оид ба истифодабарии нақлиёт ва масъалаҳои ҳуқуқии ҶСК «Корпоратсияи мусофирбар», ки таҳти унвони «Ваколатдиҳии бебаркаши Вазорати нақлиёт ба манфиати кист?» (шумораи №101 (3895), 18 августи соли 2018) бе таъкиди иловагии идораи рӯзнома вокуниш нишон доданд ва на як бор! Дар ин робита вокуниши Худоёр Худоёрзода - вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон (№123 (3917), 11.10.2018) ба нашр расид ва дере нагузашта боз С. Гулов, И. Қараев, Т. Тошов, М. Хоҷаев вокуниш нишон доданд (№148 (3942) 11.12.2018).

Соли 2018 шуъбаи номаҳо, ахбор, муносибатҳои байнипарлумонӣ ва робита бо ҷомеа қабули корафтодагонро низ ба роҳ монд. Дар натиҷа, шумораи меҳмонони идора ба маротиб афзуд. Ағлаби муроҷиаткунандагон аз ноадолатии судҳо шикоят доштанд. Инчунин, чанд нафар волидони тифлакони бемор, ки барои табобат кардани фарзандон имкон надоштанд, меҳмони идора гаштанд. Муроҷиати 3 тан аз онҳо барои расонидани кумаки молиявӣ бо нишон додани суратҳисобҳои бонкӣ дар рӯзнома ҷой дода шуд.

Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ он аст, ки вобаста ба рӯйдодҳои муҳими таърихии соли сипаришуда — ба кор даромадани агрегати аввали НБО-и «Роғун» ва барқарор гардидани муносибати ду давлати ҳамсоя — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нафарони зиёд ба идора омаданд ва ё тавассути телефон муроҷиат намуда, изҳори хурсандӣ мекарданд ва ба сарварони ду давлат сипос мегуфтанд. Аз ҷумла, сокини ноҳияи Кушониён Исломиддин Аслонов бо хушнудӣ изҳор дошт, ки орзуи чандинсолааш ҷомаи амал пӯшид . Акнун ӯ ва хешу наздиконаш, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, метавонанд ба дидори якдигар бирасанд. Мӯйсафеди 67-сола Нуралӣ Каримов, ки сипоснома ва шеъре дар васфи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва НБО-и «Роғун» навишта буд, хоҳиш намуд онро дар рӯзнома чоп кунем ва таҳти унвони «Зи файзи нури Роғун пора шаб шуд» (31.12.2018, №156) ба нашр расид.

Дар маҷмӯъ, соли 2018-ум 596 мақолаи мухбирони ҷамоатӣ ва хонандагони рӯзнома дар мавзӯъҳои гуногун ба қайд гирифта шуд, ки қисми бештари онро — зиёда аз 510 адад матолиби муаллифӣ ташкил медиҳад. Аз ин теъдод беш аз 35 фоизро мақолаҳои ҷашнӣ — бахшида ба Наврӯзу Сада, Меҳргон, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолият, рӯзҳои Президент, Парчами миллӣ, Конститутсия, шарҳи қонунҳо ва тағйиру илова ба онҳо, боқимондаро матолиби вобаста ба масоили иқтисодиву иҷтимоӣ, кишоварзӣ, фарҳангу маънавиёт ташкил доданд.

Бо боварии том гуфта метавонем, ки дар соли нав робита бо хонандагон боз ҳам мустаҳкам мегардад.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,  Нӯъмон НИЗОМӢ, «Садои мардум»