Мавсими фароғати хонандагон оғоз ёфт

№ 18.06.2016

Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ имрӯзҳо  162 толибилми шаҳру навоҳияҳои дар Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакону наврасон ва ҷавонони ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истироҳату фароғат фаро гирифта  шудаанд.

Бино ба иттилои Раёсати маорифи вилояти Суғд ин нафарон ғолибони озмуни байни синфҳои ибтидоӣ, ятимону фарзандони оилаҳои камбизоат мебошанд, ки рӯзе чор маротиба бо хӯроки гарм таъмин мебошанд. Дар ин ҷо ҳавзи тобистонаи шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, маҳфилҳои ҳунарӣ дар хидмати онҳо  қарор доранд.

Абдувосит Салимзода,  «Садои мардум»