То шавӣ дар баҳри ваҳдат ошно…

№8 (3958) 19.01.2019

ХаётулмаъонӣХатлон сарзамин илм, ирфон, шеър ва ишқ аст. Он ҷо зодгоҳи  Боқии Кӯлобӣ, Абдуллоҳи Хатлонӣ, Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, Мавлоно Наҷмиддини Соҳилӣ, Мир Айёзи Маҳшарӣ, Сомеъ Одиназода ва амсоли инҳост. Фарзандони бузурги Хатлонзамин на танҳо дар диёр, балки дар Осиёи Миёна, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, Эрон ва мамолики араб парчамбардори илму маърифат буданд. Яке аз онҳо ориф ва шоири тавоно Мавлавӣ Муҳаммадумар, писари Домулло Муҳаммаднасими Порворист, ки бо тахаллуси Насимӣ осори назмиву насрии гаронбаҳо ба ёдгор гузошта. Аз он ҷумла, «Ҳаёт-ул-маъонӣ фӣ ҳалли мушкилоти «Маснавии маънавӣ»-и Мавлонои Рум бо мухаммасот» аз таълифоти шоир ва орифи вораста мебошад. Чанде пеш ин китобро чопхонаи ҶДММ «Таъминотчӣ» дар таҳия ва тасҳеҳи журналист Ҷумъахон Темурзода нашр намуд.

Дар пешгуфтори он Ҷумъахон Темурзода аз ҷойгоҳ ва мақоми орифону шоирон ва олимони Хатлонзамин ёдрас шуда, аз мадрасаҳои Анҷиракон ва Кангурт сухан дар миён меорад, ки чун макони илму маърифат шуҳрат доштаанд.  Вай, аз ҷумла нигоштанд, ки «Шуҳрати ин ду маркази адабию фарҳангӣ то бад-он поя мерасад, ки охири садаи нуздаҳум мадрасаи Анҷираконро бо номи Бағдоди сонӣ  ва мадрасаи Кангурт бо номи Бухорои сонӣ, қариб ки дар Осиёи Миёна маъруфият пайдо карда буданд. Мутобиқи баъзе аз сарчашмаҳои таърихӣ мадрасаи Кангурт дар охири садаи ҳаждаҳум ва аввали садаи нуздаҳум дорои қариб сад мударрис будааст». Ана, дар чунин муҳити илмиву шеърпарвар Муҳаммадумар Насимӣ парвариш ёфтааст. Аммо ҳаводиси айём ӯро ба ғурбат меандозад. Ӯ то миёнаҳои солҳои сиюми асри гузашта дар зодгоҳ аз он баъд то оғози солҳои ҳафтодум дар Афғонистон ва то поёни умр дар Арабистони Саудӣ зиндагӣ мекунад. Бо вуҷуди дар ғурбат зистан аз кори эҷодӣ лаҳзае фориғ намегардад.

Китоби «Ҳаёт-ул-маъонӣ» аз бахшҳои «Оғози шарҳи баёни китоби «Маснавии маънавӣ»», «Шарҳи мавлавӣ Махдуми Насимӣ болои «Маснавӣ»-и Мавлонои Румӣ», «Шарҳи Насимӣ болои ашъори Мирзо Абдулқодири Бедил» ва «Савонеҳи мухтасари соҳиби шарҳ Насимӣ» иборат аст.

Дар бахши аввал Насимӣ ба шарҳи Найномаи Маснавии маънавӣ дар шакли назму наср мепардозад.

Кардаам оғоз шарҳи «Маснавӣ»,

Шеваи асрори найро бишнавӣ.

То шавӣ дар баҳри ваҳдат ошно,

Моҳии саршори маърифатпано.

Шоир даричаҳоро ба рӯи онҳое боз мекунад, ки дар ҷустуҷӯи ҳақоиқи ин асари безаволи Ҷалолиддини Балхӣ ҳастанд.

Дар бахши дувум низ шарҳе аз ҳикоёт ва нукоти розомези «Маснавӣ» -ро баён мекунад ва ташнагони каломи Мавлоноро шодоб месозад.

Насимӣ на танҳо солики роҳи ҳақ, орифи сӯхтадил, олиму шореҳи осори бузургон аст, балки дасти тавоное дар гуфтани шеър дорад. Дар бахши сеюм мухаммасҳои бастаи ӯ ба ғазалҳои Бедил, Ҳофиз, Маҳзун, инчунин, мухаммасе бар як рубоии Хайрунисо ҷой дода шудаанд. Ҳамчунин, дар ин бахш мусаддасҳо, мусаббаъ ва чанд рубоиву ғазали шоир дарҷ шудааст.

Аз шеърҳои шоир пайдост, ки ӯ сахт пойбанди сабки ҳиндист ва ба ашъори Бедил таваҷҷуҳи хос дорад. Чунки аксари мухаммасҳои Насимӣ бар ғазалҳои «Халоқ-ул-маъонӣ» баста шудаанд ва баёнгари муҳаббати ӯ бар ашъори Бедил мебошанд. Байтҳои зерин низ побанди сабки ҳиндӣ будани шоирро ифшо месозанд:

Қадри фикрат дар таманно соҳиби идрок шуд,

Дар бисоти нутқ гардид тӯтӣ ҳам оинадор.

Барои таҳия ва чопи китоб Ҷумъахон Темурзода ранҷи зиёд кашида, ориферо муаррифӣ месозад, ки осораш хонданиву омӯхтанист. Ин гуна фарзонамардон дар гӯшаву канори кишвар зиёд буда, чун дурру марҷон дар дили кӯҳсорон ниҳонанд.

ВОРИС, «Садои мардум»