Ҷаласаи кории раиси шаҳри Душанбе

№ 16.06.2016

101353125713 июни соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ баргузор гардид. 

Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи масъулинро ба тарҳрезии натиҷагирӣ аз ҳолати татбиқи барномаҳои пешрафти иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2016 нигаронида, дастур дод, ки дар таносуби ҳар як сохтор ва субъекти хоҷагидорӣ нишондодҳо дар алоҳидагӣ таҳлил ва нисбати вусъати фаъолияти минбаъда оид ба иҷрои босифати нақшаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, бахусус таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини иҷрои нишододҳои буҷетӣ тадбирҳои иловагии мушаххасро пайвастаю пайгирона амалӣ намоянд.

Бо дахли масъалаи назорати иҷрои мақсадноки қисми хароҷоти буҷет Маҳмадсаид Убайдуллоев аз тамоми роҳбарони субъектҳои хоҷагидори аз буҷети маҳаллӣ маблағгузоришаванда талаб кард, ки бо дарназардошти таъсиргузор боќӣ мондани буҳрони молиявии ҷаҳонӣ аз хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ намуда, бо шаффофият ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ сарфаву истифодаи таъинотии маблағҳоро таъмин созанд.

Дар ҷаласа ҳамчунин раиси шаҳр диққати ҳозиринро дар доираи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукўҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани 130 рўзи ободонӣ нигаронида, ба Муассисаи давлатии «Телевизиони Пойтахт» дастур дод, ки бо пешбурди мониторинги ҳамарўза, воќеияти ҳиссагузории сохторҳои буҷетиро дар ин сабќати созандагӣ манзури сокинони шаҳр намояд.

Ҳамзамон масоили ғановати бозори истеъмолӣ, таъминоти аҳолӣ бо оби нушокӣ, беҳбудбахшии вазъи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, ҳолати  санитарию экологӣ, бо дарназардошти гармии ҳаво вусъати корҳои профилактикӣ оид ба эмин нигоҳ доштани дарахту сабзазорони шаҳр аз гармӣ, ҳолати зиддисўхтории бинову иншоот, дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани каналу селпартоҳо ва тақвиятбахшии фаъолияти Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе дар мавзеъҳои оббозии сокинон ва манъ доштани оббозии шаҳрвандон дар назди каналу дарёҳои марзгузари шаҳр, риояи фарҳанг ва одоби шаҳрнишинӣ, вусъати тадбирҳо оид ба дастгирии соҳибкорӣ, пешгирӣ намудани ғасби худсаронаи қитъаи замин ва таъмини волоияти қонун дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва масъулин дастуру супоришҳои дахлдор гирифтанд.

 

Ш. Саидов