Арӯси солро дар Рашт интизоранд

№29 (3666) 14.03.2017

їваїваБо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гашт. Сарвари давлат борҳо дар суханрониҳояшон таъкид кардаанд, ки: «Вақте ки ба таърихи пайдоиш ва такомули ҷашни Наврӯз дар тамаддуни ориёӣ назар меафканем, мебинем, ки ин оини куҳани аҷдодӣ дар низоми давлатдориҳои ниёгони мо мақому манзалати басо арзанда доштааст». 

Сокинони ноҳияи Рашт баҳри дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ гузаронидани чорабиниҳои наврӯзӣ омодагӣ мебинанд. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт дар ин самт таҳия гардида, кумитаи тадорукоти таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз  таъсис ёфт. Дар ин бора Зумрат Лоиқова, муовини раиси ноҳияи Рашт иттилоъ дод.

Ба гуфти ӯ, эҳёи суннатҳои қадима, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, тақвият бахшидани ҳисси миллии ҷавонон ва худшиносии онҳо, баргузории тӯйи хатнасури кӯдакони ятиму бепарастор ва тӯйи арӯсии ҷавонон аз оилаҳои камбизоат, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия, бахусус боғпарварӣ аз масоили муҳими нақшаи чорабиниҳо ва ҳадафи асосии кумитаи тадорукотӣ мебошад.

Тибқи иттилои номбурда, чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз — 2017  дар ноҳияи Рашт аввал дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассиса барпо шуда, сипас, дар сатҳи ноҳия баргузор мегарданд.

Ҳоло масъулин дар тараддуди таҳияи шиору овезаҳо буда, ҳамчунин ба корҳои ободонӣ, аз ҷумла рангубори кӯчаю биноҳо, тоза намудани ҷӯю канал ва ниҳолшинонӣ машғул мебошанд.

 Диловари МИРЗО,  «Садои мардум»