«Ҷавонон» — ободтарин гӯшаи Файзобод

№ 26.01.2017

osafpro.ru-2028-Бале, ҷамоати деҳоти «Ҷавонон» ободтарин гӯшаи ноҳияи Файзобод аст. Дар ин ҷо соли ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давраи корҳои ободонию созандагӣ табдил доданд.

- Чунки фаъолияти кории худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дас­туру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, иҷрои ҳатмии қонуну қарорҳоро таъмин карда истодаем, — мегӯяд раиси ҷамоат Ҷаҳонбек Боев. — Бо истифода аз имконоти кумитаҳои маҳал, неруи фаъолони деҳот, собиқадорон баҳри ободии диёр кӯшиш ба харҷ дода, ҷиҳати ободонию кабудизоркунӣ, тарбияи ҷавонон, насли наврас, мустаҳкамии оилаҳо тадбирҳои зарурӣ меандешем.

Дар «Ҷавонон», ки 14 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, 7 муассисаи таълимӣ, мактаби мусиқӣ ва литсейи касбию техникӣ фаъолият менамоянд. Бо ибтикори фаъолон муассисаҳои таълимӣ бо 118 тонна ангишт, 38 метри мукааб ҳезум таъмин шуданд. Соли таҳсили 2015-2016 муассисаҳои таълимии деҳотро 142 нафар хатм намудаанд, ки 88 нафараш ба донишкадаю донишгоҳҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳо дохил шуданд. Омӯзгорон пайваста кӯшиш мекунанд сифати таълиму тарбияро баланд бардоранд. Самараи заҳмати онҳост, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 53 ва № 22 Шерзод Муҳаммадиқбол, Таманнои Юсуф аз фанни математика, Табассуми Муродалӣ аз фанни биология дар озмунҳои фаннӣ соҳиби медалҳои нуқра гардиданд. Хонандаи МТМУ №7 Зиёвиддин Давлатов аз фанни физика соҳиби медали тилло шуд. Ҳамчунин, хонандагон Нусратулло Комрон аз фанни химия, Азиза Қаландарова аз фанни физика ва Сорбон Зайналов аз фанни таърих ҷойҳои сазоворро ишғол намуданд.

Барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбия, беҳбуд бахшидани шароити таҳсил бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва кумитаҳои маҳалла имрӯз дар деҳаи Навобод сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ оғоз шудааст.

Дар «Ҷавонон» бо мақсади хубтару беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ, аз ҷумла хизматрасонии тиббӣ, савдо ва маишӣ диққати махсус дода мешавад. Ҳоло дар хизмати аҳолӣ 27 мағоза, 2 маркази саломатӣ, 7 бунгоҳи тиббӣ, китобхона, ошхона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ,  нуқтаи шустушӯйи мошинҳо, 3 осиёб, 2 коргоҳи хурди пахтазанак, 3 коргоҳи хиштрезӣ қарор доранд. Бунгоҳҳои тиббӣ пурра бо мутахассисон таъминанд. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташкилоти «Сино» ба наздикӣ дар деҳаҳои Ҷавонону Дубеда сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ дар назар аст. Дар деҳаҳои Карсангу Оби Сангбур низ қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ ҷудо шудааст.

Дар маҳаллаи Чаноро аз тариқи ҳашар 2 км роҳ сангфарш шуд. Дар ин ҷо барои таъмири мактаб 10 ҳазор сомонӣ ва барои бунёди боғи фарҳанг 14655 сомонӣ сарф гардидааст. Мардуми деҳаи Хами Савра тариқи ҳашар ба маблағи 45 ҳазор сомонӣ гирди оромгоҳро маҳкам намудаанд. Инчунин, дар шафати шоҳроҳ ба маблағи 63 ҳазор сомонӣ бозорча сохта шудааст, ки кишоварзон метавонанд маҳсулоти истеҳсолкардаашонро ба фурӯш бароранд.

Сокинони маҳаллаи Муллотуғма ба маблағи 6750 сомонӣ роҳи байни деҳаро сангфарш карда, барои кашидани хатти лӯлаи оби нӯшиданӣ 1000 сомонӣ, барои таъмири трансформаторҳо -2700, барои таъмири бунгоҳи тиббӣ — 1800, ҳамагӣ барои корҳои ободонӣ 12250 сомонӣ сарф намудаанд.

Дар деҳаи Карсанг низ аз масофаи 7 км ба маблағи 340 ҳазор сомонӣ об оварда шуд. Мардуми маҳаллаи Навобод аз ҳисоби худашон 9 синфхонаи иловагӣ сохта истодаанд.

Ҳашарҳои ободонию кабудизоркунӣ, тозакунии ҷӯю заҳбурҳо, кӯчаю маҳаллаҳо, корхона, муассисаҳои таълимӣ, мағозаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ, ки аз моҳи марти соли 2016 оғоз гардида буд, идома доранд. Дар ин давра зиёда аз 10 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадору сояафкан шинонда шуд. Дар баробари ин, шумораи соҳибкороне, ки ба корҳои ободонию сохтмон даст мезананд, афзуда истодааст. Чунончӣ, соҳибкори ботаҷриба Ашӯралӣ Абдурауфов ба маблағи 1 миллион сомонӣ мағозаи дуошёна сохта, дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода супурд. Ҳамчунин, тӯйи суннатии 10 нафар кӯдаки ятимро баргузор намуд.

Умуман, дар нуҳ моҳи соли 2016 ҷамъ 20 хатнасури хайриявӣ гузаронда шудааст.

Дар деҳот 582 гектар замини обӣ, 589 гектар лалмӣ, 448 гектар боғ, 29 гектар токзор, 41 гектар тутзор, 7884 гектар чарогоҳ ва 72 гектар замини президентӣ мавҷуд аст. Натиҷаҳои бадастовардаи хоҷагидорон низ назаррас аст. Онҳо дар майдони 98 гектар боғ бунёд карда, дар 103 гектар картошка шинондаанд, ки ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 221 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ шудааст. Аз 70 гектар сабзавот ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 152,6 сентнерӣ, аз 325 гектар ғаллазор 21,4 сентнерӣ, аз 67 гектар зироатҳои техникӣ 10,5 сентнерӣ ҳосил рӯёндаанд.

сокинон аз дастовардҳо қаноатманд нашуда, кӯшиш намуда истодаанд, ки корҳои ободонию созандагиро идома диҳанд.

Фархунда Саъдуллоева