Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ назаррасанд

№8 (4270) 21.01.2021

4484f5dfafae30f9511f7abbd428da7aБа шарофати Истиқлолияти давлатӣ, ки 9 сентябри соли 1991 ба даст омад, ба рукнҳои давлатдории миллӣ асос гузошта шуд. Чунончӣ, бо мақсади ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа Артиши миллӣ ва дигар сохтору мақомоти босалоҳият, аз ҷумла, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳокимияти иҷроия таъсис ёфта, рамзҳои давлатӣ қабул карда шуданд.

Мутаассифона, солҳои аввали истиқлолият вазнин омад. Бадхоҳону душманони миллат ба кашмакашиҳои сиёсӣ роҳ доданд, ки дар натиҷа, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба миён омад. Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ҳама фишанги давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ кард. Хушбахтона, бо инояти Худованд дар он шароити ниҳоят вазнин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кишвари тозаистиқлол ва мардуми ранҷкашида сарвар интихоб шуд ва бо талошу заҳмат ва ҷоннисории ӯ 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид.

Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон доданд, ки солҳои 1997-2020 суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи баланд таъмин ва ҳаҷми воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ панҷ баробар афзун гардад. Дар давраи соҳиб­истиқлолӣ беш аз 1600 корхонаи саноатӣ, зиёда аз 2000 мегаватт иқтидори нави энергетикӣ, 2200 километр роҳи мошингарди сатҳи байналмилалӣ таҷдиду бунёд ва 220 километр роҳи оҳан сохта, мавриди истифода дода шуд.

Бо талошҳои созанда ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони кишвар ба истифода дода шуда, дар натиҷаи ба кор андохтани иқтидорҳои нав маҳдудияти интиқоли неруи барқ дар фасли зимистон бартараф гардид. Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ, ҳоло Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» дар қатори шаш кишвари пешсафи сайёра ҷой дошта, баъди пурра ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба қатори чоргонаи аввали кишварҳо қарор мегирад.

Сохтмони Роҳи бузурги абрешим, бунёди нақбҳои «Анзоб», «Шаҳристон», «Шар-шар» ва «Чормағзак», сохтмони қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингарди Душанбе — Хоруғ — Мурғоб, Душанбе — Рашт — Саритош, Душанбе — Хуҷанд — Чанак, Қулма — Қароқурум, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа — Кӯлоб аз иқдомҳои пешгирифтаи Пешвои миллат дар самти баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ба шумор мераванд.

Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар, бо шуғли пурмаҳсул таъмин кардани аҳолӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии сокинони мамлакат солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», инчунин, давраи омодагӣ ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ эълон карда шуд. Дар доираи иқдомоти зикршуда то моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои кишвар беш аз 25 ҳазор иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва сайёҳӣ бунёд ва ба истифода супорида мешаванд, ки боис ба ташкили даҳҳо ҳазор ҷойи нави кор ва ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мегардад.

Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд ки: «Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд. Аз ин рӯ, мову шумо бояд дар тақдири миллат, таъмини ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешем. Мо сиёсати пойдории сулҳу субот, ризояти ҷомеа ва ваҳдати миллиро, ки давлати тоҷиконро аз нобудшавию миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшид, яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият мешуморем».

Мавриди зикр аст, ки мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, дар баробари дигар хатару таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризму ифротгаройӣ ва ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо омили муҳими пешрафт дар роҳи таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, амнияту бехатарии давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад.

Дар ин робита, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо эҳсос намудани хатари оқибати ногувор доштани гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба генофонди миллат ва амнияти миллӣ, заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро барои пурзӯр намудани муборизаи беамон бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муҳайё намуданд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар яке аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ҳар сол дар ҷаҳон даҳҳо миллиард долларро ташкил медиҳад, яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии он ҷузъи мубориза бо терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад.

Қобили зикр аст, ки дар солҳои соҳиб­истиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид — Конвенсияи ягонаи СММ дар бораи воситаҳои нашъадор (соли 1961), Конвенсияи СММ дар бораи моддаҳои психотропӣ (соли 1971), Конвенсияи СММ дар бораи мубориза ба муқобили муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ (соли 1988) ҳамроҳ гардида, созишномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматиро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар бо 17 давлати ҷаҳон, аз ҷумла, бо давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ба имзо расонид.

Ҳамчунин, ба хотири ҷоннок намудани мубориза дар ин самт бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон Агентии назорати маводи нашъа­овари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Он дар давоми ду даҳсола дар мубориза бо тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир саҳми назаррас гузошта, барои аз нашъамандӣ эмин нигоҳ доштани ҷомеа мусоидат намуд. Ҳамин талошҳо буд, ки ҳоло сатҳи нашъа­мандӣ дар байни аҳолӣ нисбат ба солҳои пешин кам шудааст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки солҳои охир дар кишвар ­нашъамандӣ миёни аҳолӣ коҳиш ёфта, шумораи беморони ­нашъаманд аз 8645 нафар дар соли 2008 то ба 5099 нафар то 1 январи соли 2021 расидааст, ки ба 41 фоиз баробар буда, дар муқоиса ба соли 2019-ум 276 нафар ё 5,13 фоиз паст гардидааст.

Дар панҷ соли охир сатҳи ­нашъамандӣ 27,84 фоиз кам шудааст, ки сабаби он дар натиҷаи ҳамкории судманд баргузор намудани чорабиниҳои муштараки зидди маводи мухаддир, аз ҷумла, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолӣ, дар бораи оқибатҳои зарари ­нашъамандӣ, инчунин, тартиби дуруст ба роҳ мондани бақайдгирии беморони нашъаманд дар марказҳои наркологӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баён доштанд: — «Итминони комил дорам, ки ояндаи Тоҷикис­тон дурахшон аст ва мо якҷо бо халқи азизамон ва миллати фарҳангсолору тамаддунсозамон заҳмат кашида, Ватани маҳбуби аҷдодиамонро ободу зебо ва пешрафтаву неруманд гардонида, обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем».

Бо такя ба суханони Сарвари давлат ва зик­ри дастовардҳои солҳои даврони истиқлолият кормандон ва ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар баробари ҳифзи суботи мардуми кишвар барои боз ҳам ободу зебо ва сарсабзу хуррам гардонидани кишвар сарбаландона фаъолият намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дас­товардҳои нав ба нав пешвоз бигиранд.