Ду ҳаҷвия

№140-141 (3125-3126) 04.11.2013

ШИРБЕНЗИН

Латифӣ берун аз шаҳр ҷой гирифта, хона сохт. Хонаи шаҳр ба оилаи серфарзанди онҳо тангӣ мекард. Дар ҷоий нав кӯдакон рӯйи ҳавлӣ, канори дарёча то монда шудан бозию шӯхӣ мекарданд. Дар хонаи шаҳр ҳамин ки кӯдакон ба ҷастухез медаромаданд, Машахола пушти дар ҳозир шуда, шикоят мекард, ки аз гурс-гурси пойзании кӯдакон хобида наметавонад.  Ин ҷо бошад, кӯдакон озод буданд.

Барои кӯдаконаш Латифӣ як гови ширдеҳ харид. Ҳар пагоҳӣ баъди ширро хӯрдан кӯдакон говро барои чаро назди дарёча  мебурданд. Гов чаро мекарду кӯдакон бозӣ. Ҳавои берун аз шаҳр ба кӯдакон форид магар, ки лунҷаконашон чун  пуфак дам шудаву қад мекашиданд.

Аз алафу оби дарёча шири гов зиёд мегашт. Каме болотар аз он тарафи соҳили дарё сохтмони калоне оғоз ёфт. Мегуфтанд, ки он ҷо корхонаи нафт бунёд мешавад. Сохтмони корхона ҳам ба охир расид. Чун одат кӯдакон назди дарёча бозӣ доштанду гову гӯсола аз он об  менӯшиданд.

Аз чӣ бошад, ки рафта-рафта тамъу бӯйи шири гов дигар мешуд. Овози гов ҳам тағйир  ёфта буд. Латифӣ бо ҳамсараш ҳайрон буданд. Кӯдакон ширро намехӯрданд.

Гов ҳамоно назди дарёча чаро мекарду оби онро мекӯшид. Пас аз  як ҳафта барои санҷиш зани Латифӣ говро  ҷӯшид. Сатил пур аз шир шуд, аммо рангу  бӯйи дигар дошт.

Латифӣ назди автомошинааш омодаи ба кор рафтан буд. Занаш сатили пури ширро пеши ӯ овард.  Латифӣ онро бӯй кашид. Бензин  буд, на шир.

-О, занак, ин бензин аст, шири гов канӣ? -Бо тааҷҷуб пурсид Латифӣ.

-Инро ҳозир аз гов ҷӯшидам- ҷавоб дод занаш ҳайрон шуда.

-Ҳозир месанҷем. Дар зери баки мошин ним литр бензин ҳам нест, ки онро болояш бирезам. Ку бинем, матори мошин ба ҳаракат меояд ё не.

Латифӣ  мотори мошинро ба кор дароварда, хеле  мунтазир  шуд, ки  чӣ тавр кор мекунад.

-Олиҷаноб!-  хурсандӣ мекард Латифӣ. – Ин бензин тоза. Гов не, хазинаи тилло будааст.

Латифӣ рафта, аз фуки гов бӯса гирифт.

Гов ҳам гӯё дар ҷавоб садо баровард. Овозаш ғайриоддӣ шабеҳи сигнали мошин. Пасмондаи корхонаи нафт ба  дарёча партофта мешуд. Ин пайвастагиҳо дар шиками гов омехта шуда, ба бензин табдил меёфтанд. Дастгоҳи зинда.

Хурсандии Латифиро ҳадду канор набуд. Мушкили бензин ҳал шуд. Ширро бошад, барои кӯдаконаш аз шаҳр мехарад.

 

ТӮЙИ АВЛОД

Автобус дар истгоҳ ҳанӯз қарор нагирифта, дар як лаҳза дохили он пур аз кӯдакон гашт. Дар қафо, дар нишастгоҳи холӣ болои ҳам менишастанд. Яке сақичи даҳонашро бо дасташ як метр ёзонда, дубора ба даҳон фурӯ мебурд. Дигаре пеши даҳонаш сақичро чун пуфак дам карда мекафонд. Чунон шурӯ мағал мекарданд, ки гӯё дар автобус танҳо онҳо саворанд.

Мусофирон ба онҳо бо табассум менигаристанд. Ин лаҳзаҳо ҳар рӯз такрор меёфтанд ва ба он одат карда буданд. Медонистанд, ки  то шаҳр  нарафта, автобус аз онҳо холӣ мешавад.

Кампири Гулхумор дар истгоҳи якум як гурӯҳро бо роҳбарии хоҳараш Бибигул фаровард ва бегоҳ дар куҷо ҷамъ  омаданро фаҳмонд. Ҳамин тавр дар ҳар истгоҳ онҳо мефаромаданд ва кампири Гулхумор деҳаҳоро ба онҳо тақсим мекард.

Аз ҳама охир чун капитани киштӣ автобусро бо наберааш тарк кард.

-Ба қишлоқи Сангистон меравем, чанд вақт боз он ҷо нарафтаам, — гуфт кампири Гулхумор ва хӯрҷинашро ба китф бардошт.

Ӯ пешопеш ва наберааш аз қафо ба деҳа равон шуданд. Кампирро хурду калон  мешинохтанд. Вай ҳам бисёрии онҳоро ном ба ном медонист, ҳамсоли худаш чанд дугона ҳам дошт. Ҳарчанд бовар доштанд, ки ягон фоли дидаи ӯ рост набаромадаву ҷинеро ҳам набастааст, боз пешаш мушкилиашонро кушоданӣ мешуданд. Бештар кампирҳои деҳа соддаву зудбовар буданд.

Кампири Гулхумор аз дарвозаи  нимкушода дид, ки ду- се зан назди дегдон машғули нонпазӣ буданд. Бӯйи гуворои нон ӯро он сӯ кашид. Чун хонаи худ вориди дарвоза шуда, ба назди занҳо омад. Ба онҳо салом дода, рӯйи суфа нишаста, дурудароз дуо хонд.

Соҳиби хона наздаш нони гарм гузошта гуфт, ки  фоли дидагиаш ҳеҷ фоида накард. На домодаш аз Россия омаду на ба  духтараш хостгор  баромад.

-Балам, шуморо сахт ҷоду кардаанд, зӯрам  намерасад ба он ҷин. Як сафедӣ те, онро ин дафъа мебандам. Ҳа, балам, чӣ қадар сафедӣ зиёд бошад, ҳамон қадар дуо таъсир  мекунад.

Соҳибхона гуфт, ки акнун пеши дигар кас рафтааст ва ӯро девбанди зӯр мегуфтаанд.

Кампири  Гулхумор дигар чизе нагуфт. Ду нони гармро ба хӯрҷин зада, даст ба дуо бардошта, аз хона  берун шуд.

Дид, ки дар хонаи шафати мактаб мошини бисёр, одамон  даробаро доранд. Пурсид, гуфтанд, ки тӯйи арӯсӣ мешудааст.

-О, тӯйи авлод  мешудааст, гӯед!- гуфт кампири Гулхумор.

Ӯ аз зери хӯрҷинаш кофта- кофта телефонашро ёфт. Ба хоҳараш занг зада гуфт, ки зуд ба қишлоқи Сангистон биёяд, ки тӯйи авлод будааст. Баъди фурсате таксӣ омада, назди тӯйхона қарор гирифт. Гулхумор пешопеш ба тӯйхона  даромаданд. Бо ворид гаштани онҳо аз қисми занона садои хандаю шӯхӣ баланд шуд. Гӯё занҳо мунтазири омадани онҳо буданд. Бо хӯрдани зиёфат хӯрҷинҳоро аз кулчаю фатир, чапотию чалпак, қанду шоколад пур карданд.

-Авлод, танзимро риоя намекунед? Бурдан мумкин нест!- бо шӯхӣ гуфт зане.

-Мо танзимро медонем, балам. Ана, бинед, хӯрҷинҳоямонро хурд кардем, ки кам барем. Ба тӯй фақат хоҳарамро занг задам.

-Хайрият, агар духтару ҷияну набераҳоятро ҷеғ мезадӣ, дар рӯйи дастурхон майдаи нон ҳам намемонд,- гуфт он зан ва ҳама хандиданд.

-Ин хел нагӯй, авлод. Худо ризқи  фарзандонашро медиҳад, — гуфт кампири Гулхумор ва баъди хӯрдану «рӯфтан» ба ҳафт пушти тӯйдор фотиҳа хонда, аз ҷой бархост. Онҳо бо хӯрҷинҳои  варамида аз тӯйхона берун шуданд.

-Бо ин борҳои вазнин куҷо мерем?- гуфт  кампири Гулхумор ба хоҳараш. – Ба шофирмон телефон кун, омада моро барад.

-Ба кадомаш?

-Ба Фақири кали қаддароз. Ин ҷойҳоро хуб медонад, зуд расида меояд.

Хоҳари кампири Гулхумор халтаи селофаниро кушода, аз миёни пулҳо телефонро ба даст гирифта, Фақири кали қаддарозро занг зад. Чароғи сеҳрноки Аловуддин ин тавр фаврӣ амал  намекард. Таётаи сафед баъди чанд фурсат назди онҳо қарор гирифт.

Кампири Гулхумор, хоҳару набераҳояш ба мошин нишастанд. Мошин чангу хоки кӯчаи деҳаро ба осмон бардошта, аз назар ғоиб шуд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»