Ҷаласаи кории раиси шаҳри Душанбе

№18 (3164) 21.02.2014

17 феврали соли 2014  дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои хоҷагидории шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев, бо дарназардошти мусоидии боду ҳаво, таваҷҷуҳи масъулин ва роҳбарони субъектҳои хоҷагидориро ба ваъзи дарахтшинонӣ дар кӯчаву хиёбон ва гулгаштҳои шаҳр нигаронида, дастур дод, ки шинонидан ва нигоҳубини дарахтон танҳо тибқи барномаву нақшаҳои мавҷуда зери назорати қатъии дендрологҳо амалӣ карда шавад.

Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон дар дастгоҳу сохторҳои шаҳрӣ, вокуниш ба матлабҳои воситаҳои ахбори омма ва таври самаранок истифодашавии воҳидҳои корӣ дар ташкилоту идораҳои буҷетии шаҳр ба риштаи таҳлил кашида шуданд. Дар ин зимн, ба муовини раиси шаҳр Б.М. Назаров дастур дода шуд, ки то 15 апрели соли ҷорӣ дар таносуби ҳар кадом субъекти хоҷагидори буҷетии шаҳр истифодашавии воҳидҳои кориро мавриди санҷиш қарор диҳад.

Бо дахли масоили омодагиҳо ба  Наврӯзи байналмилалӣ, ки ин навбат  дар соли ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро сазовор гардидани Душанбе истиқбол карда мешавад, Маҳмадсаид Убайдуллоев барои бошукӯҳу мутантан пазиройӣ намудани иди миллӣ муқаррар намуд, ки соли ҷорӣ он чун Наврӯзи ободии ҳар хонадон, ки дар маҷмӯъ ба шукуфоии пойтахт нигаронида шудааст, таҷлил карда шавад.

Дар иртибот ба тақвияти чораҳои дар сатҳи баланди ташкилию ғоявӣ минбаъд баргузор намудани чорабиниҳои оммавии шаҳр дар ҷаласа қарор дода шуд, ки аз таҷрибаи мактаби волонтёрӣ таври васеъ истифода ва тавассути он кадрҳои лаёқатманд барои хизмати давлатӣ ҷалб карда шаванд.

Ш. САИДОВ, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе