Хабарҳо аз кишвар

№51 (3197) 20.05.2014

Таҷрибаи кишоварзони хитойӣ дар Ёвон

ЁВОН (Бурҳониддин КАРИМЗОДА,  «Садои мардум») Дар ноҳияи Ёвон семинар- машварати вилоятӣ таҳти унвони «Технологияи парвариши навъҳои гандуми хитойӣ дар шароити иқлими Тоҷикистон ва намоиши қитъаҳои озмоишӣ бо технологияи обёрии қатрагӣ дар зироатҳои байниқаторӣ» баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, роҳбарони вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои минтақа, кишоварзон, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон, ширкати хитойии «Сзинян Мнхай» иштирок доштанд. Зимни машварат якчанд навъи гандуми хитойӣ ба намоиш гузошта шуд.

-Айни ҳол дар ноҳияи Ёвон мутахассисону кишоварзони хитойӣ дар 302 гектар пахтаю ҷуворимакка ва дигар навъи зироатро кишт ва парвариш мекунанд,- гуфт ба хабарнигорамон сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Файзиддин Раҷабов.

 Вохӯрӣ бо мардуми зарардида

РӮДАКӢ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ дар ноҳия бо сокинони деҳаи Комсомоли деҳоти «Зайнабобод», ки бар асари офати табиӣ зарар дидаанд, вохӯрӣ доир намуд. Вай ҳамчунин бо фаъолияти муассисаҳои гуногуни ноҳия, аз ҷумла Маркази касбомӯзии ҷавондухтарон дар ҷамоатҳои деҳоти «Россия», «Чоргултеппа» ва мактаб — интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ношунаво ошно шуд. Сипас, муовини Сарвазир Марҳабо Ҷабборӣ дар боғи фарҳангии ноҳия бо намояндагони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, ҷавонон ва занони фаъоли ноҳия  машварати корӣ гузаронд.

 Боздиди вазир аз муассисаҳои таълимии навоҳии минтақа

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нуриддин Саид дар сафари худ ба минтақаи Кӯлоб сараввал ба вазъи таълиму тарбия дар филиали Донишгоҳи давлатии технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ошно гардид. Мавсуф дар мушовараи сайёри вазорат, ки дар Мактаби президентӣ  баргузор шуд, ширкат варзида, бо ҳузури мутахассисони вазорат ва мудирони маорифу директорони  муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Кӯлобу Норак, ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Балҷувон, Ховалинг, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шӯрообод, Фархор ва Темурмалик  натиҷаи санҷиши вазоратро дар шаҳру навоҳии номбурда мавриди баррасӣ қарор доданд. Бояд тазаккур дод, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимии минтақа 673 нафар омӯзгорон, аз ҷумла  473 нафар занҳо бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунанд.

 Ҳандалак пухт

ҶИЛИКӮЛ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Баҳодур»-и деҳоти «Нури Вахш» ҳосили дастранҷи саҳмдорон – ҳандалаки барвақтӣ пухт. Кишоварзон ният доранд, ки ҳандалакҳои барвақтии зери плёнка пухтарасонидаро ба бозор бароварда, аз маҳсули дастранҷи худ фоидаи хуб ба даст оваранд. Хоҷагӣ дорои даҳ гектар замин буда, кишоварзони он дар парваришу нигоҳубини зироатҳои полезӣ маҳорату таҷрибаи зиёд доранд. Онҳо ба кишти бодиринг, ҳандалак, тарбуз ва харбуза диққати бештар додаанд.

 Майдони боғот васеъ мешавад

ИСТАРАВШАН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Истаравшан дорои 8 ҳазору 900 гектар ҷангалзор буда, он дар чор минтақа ҷойгир шудааст. Дар минтақаи «Уяс»-и ин муассиса як гектар боғи ниҳолҳои боровари гелосу олу бунёд гардидааст. Дар минтақаҳои Сармисолиқу Истиқлол бошад, як гектар замин ба ниҳоли хуч ва як гектари дигар ба сафедор махсус гардонида шудаанд.

 Ба маҳалла об омад

АШТ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Сокинони маҳаллаи Дашти деҳаи Пунук ба ҳашари дастаҷамъӣ баромада, барои хобонидани қубури об хандақ кофтанд. Коргарони хоҷагии деҳқонии «Шамъ» бошанд, бо сарварии роҳбари ин хоҷагӣ Ш. Ҳомидов дар масофаи 4,5 км қубури пластикӣ хобонида, об бароварданд. Ба ин васила сокинони деҳа соҳиби оби нӯшокӣ гаштанду орзуи деринаашон ҷомаи амал пӯшид.

 Сатҳи баланди мудофиаи шаҳрвандӣ

ДУШАНБЕ. (Х. РАҲИМҶОНОВ) Чанде пеш дар ҳудуди Пойгоҳи вагонҳои мусофирбари корхонаи воҳиди «Мусофирбар» -и Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»  машқи мудофиаи шаҳрвандӣ баргузор гардид. Ҷараёни машқи мазкур гувоҳи он буд, ки ҳайати роҳбарикунанда ва неруҳои ғайриҳарбии корхонаи мазкур дар сатҳи баланди омодагӣ қарор дошта, барои бартараф намудани вазъи садамавӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи дигар тамоми имконият ва воситаҳои заруриро доро мебошанд. Ашӯрбек Шарифов, сардори Хадамоти бехатарии ҳаракати қатораҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»  иброз дошт, ки сатҳи баланди мудофиаи шаҳрвандӣ гувоҳи он аст, ки дар ҳолатҳои фавқулодда хисороти зиёди ҷониву молиро пешгирӣ кардан имконпазир аст.

Мураббии беҳтарин кист?

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Дар шаҳри Қӯрғонтеппа озмуни навбатии «Мураббии беҳтарини сол» ҷамъбаст гардид. Дар он аз ҳамаи 17 муассисаи томактабии маркази вилояти Хатлон ғолибони даври аввал иштирок доштанд. Озмуни «Мураббии беҳтарини сол» муайян  намуд, ки савияи донишу малакаю маҳорати кори мураббияҳои муассисаҳои томактабии шаҳр нисбат ба солҳои пешин беҳтару хубтар гардидааст. Аз рӯйи натиҷаи ҷамъбасти озмун ҷойи аввал ба мураббияи муассисаи томактабии №1 Шоҳсанам Маъмурова сазовор дониста шуд. Шоҳҷоизаи озмунро бошад, мураббияи муассисаи томактабии №5 Гулчеҳра Олуфтаева соҳиб гардид. Ба ғолибони озмун мукофотҳои хотиравӣ тақдим шуданд. Ғолибон дар даври вилоятии озмуни «Мураббии беҳтарини сол» иштирок хоҳанд кард.

 Миллати солим ҷомеаи солимро бунёд мекунад

ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Ҳаждаҳуми майи соли равон дар саросари кишвар Рӯзи дави миллӣ баргузор шуд. Дар дави миллӣ дар шаҳри Душанбе 35 ҳазору 871 нафар иштирок намуда, ба  масофаҳои гуногун давиданд. Зимни оғози ин чорабинии оммавӣ дар пойтахти мамлакат раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов ва муовини раиси шаҳри Душанбе Руқия Қурбонова ширкат карда, ҳозиринро ба тарзи ҳаёти солим даъват намуданд.

Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.