Хабарҳо аз кишвар

№24-25 (3325-3326) 20.02.2015

Нуктаҳои Паёмро шарҳ медиҳанд

ТОҶИКОБОД. (Диловари Талабзода, «Садои мардум») Бо мақсади фаҳмондадиҳии муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 як гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии мушовири калон-мудири шуъбаи амнияти Дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Маҳмадов ба ноҳия ташриф оварданд.

Аъзои гурӯҳи корӣ дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бо фаъолон вохӯрӣ баргузор карда, оид ба масъалаҳои дар Паём баёнгардида ибрози назар намуданд. Ба ҳайати гурӯҳ Сайфулло Сафаров- муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулло Файзулҳусайнов- нозири давлатии Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилшод Сафаров- муовини шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошанд.  Вохӯрии гурӯҳи корӣ бо фаъолони дигар ноҳияҳои минтақаи Рашт идома дорад.

 Машварати боғпарварон

   ФАРХОР. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар хоҷагии деҳқонии «Навкорам»-и деҳоти «Гулшан» машварати омӯзишии боғпарварон баргузор гардид. Дар машварат боғпарварони соҳибтаҷриба, мутахассисони соҳаи боғдорӣ ва раисони деҳоти ноҳия ширкат варзида, миёни ҳам оид ба тарзи шаклдарории ниҳолҳо, истифодаи заҳрхимикатҳо қабл аз муғчабарорӣ ва нигоҳубини боғҳо дар доираи таҷрибаи андӯхтаи хеш изҳори андеша намуданд.

-Ин дувумин машварати омӯзишӣ  дар соли равон аст,- изҳор дошт зимни суҳбат сардори Идораи кишоварзии ноҳия Насрулло Валиев ва афзуд:- Тӯли чор соли охир дар доираи Барномаи давлатии рушди боғу токпарварӣ дар ҳудуди ноҳия 1160 гектар боғҳои нав бунёд карда шуд, ки аз ин ҳисоб 160 гектари он илова ба нақшаи пешбининамудаи Барномаи мазкур мебошад. Имсол мақсад дорем, ки 84 гектар боғҳои нав бунёд намоем.

 Озмуни бозёфтҳои нодир

ҲИСОР. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Чандест, ки дар байни аҳолии шаҳраку деҳот  бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида  ба ҷашни сеҳазорсолагии Ҳисор  ва барои бо нигораҳои таърихӣ таъмин намудани Осорхонаи Ҳисор  озмуни «Намоиши бозёфтҳои нодир, асбобу анҷоми рӯзгори қадима ва намунаҳои ҳунарҳои халқӣ» идома дорад. Дар рафти озмун ба бозёфтҳои нодир ва асбобу анҷоми рӯзгори қадима, ки аз ҷониби сокинон намоиш дода мешавад, ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ мекунанд.  Баъди ҷамъбасти озмун, ки он дар арафаи ҷашн баргузор мегардад,  бозёфтҳои нодир ва намунаҳои ҳунарҳои халқӣ ба таври ройгон ба осорхона тақдим карда мешаванд.

 Иқдоми наҷиби соҳибкори маҳаллӣ

ВАРЗОБ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»). Соҳибкори маҳаллӣ Муҳаммад Ҳасанов ба 37 нафар тарбиятгирандагони интернати назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №55-и деҳоти «Лучоб», ки аз оилаҳои ниёзманданд, кумаки моддӣ расонид, ки аз маводи ғизоӣ ва сару либос иборат буд.

Ҳамчунин ин марди саховатпеша дастгоҳи гармидиҳии интернатро пурра таъмир карда, барои муассиса ду тонна ангишт харид.  Дар баробари ин аз ҷониби соҳибкори мазкур ба 40 оилаи ниёзманди ҳудуди ин деҳот низ кумаки моддӣ расонида шуд.

 «Корвони умед» 15-сола шуд

ИСТАРАВШАН. (Ҳ. Назрулло, «Садои мардум») Тибқи қарори раиси шаҳр аз 16 январи соли 2015 таҳти № 80 дар даҳаи сеюми моҳи апрели соли равон 15-солагии ҳафтаномаи «Корвони умед» таҷлил карда мешавад.

- Ҳафтаномаи «Корвони умед» дар тарбияи мактабиён дар рӯҳияи ватандӯстӣ, тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амсоли дигар масоили рӯз саҳми босазо дорад. Ҳайати эҷодии ҳафтанома тӯли 15 соли мавҷудияташ тавонист, ки теъдоди нашри ҳафтаномаро аз 500 нусха то ба 7300 нусха расонида, обуначиёни худро на танҳо дар пойтахт ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, балки дар вилоятҳои дурдасти вилояти Хатлону ВМКБ пайдо намоянд, — гуфт мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан  Акбарxон Маъруфов.

 Варзишгоҳ аз нав таъмир мешавад

РАШТ. (Диловари ТАЛАБЗОДА, «Садои мардум») Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорон дар толори варзишии маркази ноҳия, ки дер боз ба таъмири асосӣ ниёз дошт, корҳои таъмирӣ оғоз гардид.

Аз суҳбат бо сардори сохтмончиён Маҳмаднаим Наимов  маълум гардид, ки барои ба охир расонидани таъмири толор 50 ҳазор сомонӣ лозим ва ин маблағро се нафар соҳибкори маҳаллӣ аз ҳисоби даромади худ ҷудо намудаанд.  То имрӯз корҳои сохтмонӣ дар ҳаҷми 35 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудааст. Сохтмончиён баъди таъмири бом ва фарши бино дастгоҳи гармидиҳиро низ аз нав сохта, ба дохили он хатти об кашидаанд. Таъмири асосии толор то охири моҳ ба охир мерасад.

 Мусобиқаи ҷумҳуриявии «Умедҳои Тоҷикистон»

ДУШАНБЕ. (Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»)  Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ  мусобиқаи интихобии ҷумҳуриявии «Умедҳои Тоҷикистон» оид ба намуди тенниси рӯимизӣ байни ҷавонону наврасони солҳои таваллуди 1999-2003  гузаронида  шуд, ки дар он беш аз  42  нафар намояндагони дастаҳои вилояти Хатлон, ноҳияи Ҳисор ва шаҳри Душанбе  иштирок намуданд.

Зайдулло Қодиров — роҳбари маҳфили «Теннисбозони ҷавон»   ҳадаф аз гузаронидани чунин  мусобиқаро  тарғибу ташвиқи бозии тенниси  рӯимизӣ дар байни ҷавонони  Ҷумҳурии Тоҷикистон  арзёбӣ кард. Баъди  ҷамъбасти мусобиқа ғолибон  муайян шуданд.  Ҳакамон ҷойи аввалро  ба Фаррух Раҷабов- хонандаи  литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи дуюмро ба  Сироҷиддини Муҳаммадҷон- хонандаи  мактаби варзишии вилояти Хатлон  ва ҷойи сеюмро ба Меҳрон Нуралиев- хонандаи  литсей-интернати президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе  сазовор донистанд.  Дар интиҳои  мусобиқа  масъалаи  тайёрӣ ва интихоби номзадҳо барои иштирок дар  Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯимизӣ, ки  аз 26 апрел то 4 майи соли 2015  дар Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор мегардад, баррасӣ шуд.

Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.