Хабарҳо аз Суғд

№49 (3529) 14.04.2016

Шиносоии ғоибона бо донишгоҳҳои Россия

Дар доираи панҷумин Ярмарка — намоиши байналмилалии «Таҳсилоти россиягӣ, Душанбе — 2016» чанде пеш дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Россия бо хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Намояндагони Донишгоҳи давлатии тиббии Олтой, Донишгоҳи давлатии Мари, Донишгоҳи федералии Шарқи Дур, Донишгоҳи давлатии авиатехникии Уфа, Донишгоҳи давлатии федералии Кавкази Шимолӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Уралск, Донишгоҳи давлатии аграрии Дон, Донишкадаи технологии саноати хӯроквории Кемерово, Донишгоҳи давлатии архитектура ва сохтмони Санкт — Петербург аз тариқи видеонавор, буклету нашрияи донишгоҳҳои худро муаррифӣ намуданд. Инчунин, онҳо аз афзалияти муассисаҳои таълимии хеш, ба монанди хобгоҳу пойгоҳи моддиву техникӣ ва шароити таълиму тадрис сухан ронда, қайд карданд, ки сол то сол шумораи донишҷӯёни тоҷик дар ин муассисаҳо зиёд мегардад.

 Мулоқоти ректор бо хатмкунандагон

Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд мулоқоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Муҳаммадюсуф Имомзода аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии соҳаи маориф ёдовар шуда, доир ба фаъолияти бонуфузтарин муассисаи таълимии олии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.

Хатмкунандагон оид ба вазъи таҳсил дар гурӯҳҳои шартномавӣ, ҳолати хобгоҳҳо, робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ва ғайра савол  пешниҳод намуда, посух гирифтанд.

 Рӯҳи солим аз тани солим бувад

Чанде пеш бахшида ба «Соли фарди солим» дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Конибодом чорабинии хотирмон баргузор гардид.

Донишҷӯёни коллеҷ барномаи ҷолибро дар мавзӯи «Фарди солим кист ва чӣ гуна бояд онро тарбия кард?» ба намоиш гузоштанд. Омӯзгорони оянда тарзи табобати бемориҳоро бо усулҳои гуногуни ғайриодии муолиҷа, аз қабили библиотерапия — муолиҷа ба воситаи китоб, тансотерапия — муолиҷа бо рақс, гелиотерапия — муолиҷа бо офтобро ба иштирокдорон пешниҳод намуданд.

 Абдувосит Салимзода, «Садои мардум»