Даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ

Ихтиёриён аз имкониятҳо бархӯрдоранд

№123 (3269) 21.10.2014

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 16 сентябри соли 2014 таҳти №278 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1987-1996 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» имрӯзҳо маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ идома дорад.

Тавре дар суҳбат бо мо сардори шуъбаи даъват, пуррагардонӣ ва баҳисобгирии теъдоди ҳайати шахсии Раёсати ташкил ва сафарбарии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Юнусҷон Муродов гуфт, ҳамасола дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз оғози даъвати шаҳрвандон барои пурра гардонидани қисмҳои ҳарбӣ бо иштироки кормандони масъули соҳа ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чорабиниҳои омодагӣ ба ин маърака ташкил ва баргузор мегарданд.

Аз ҷумла бо ҳайати афсарони комиссариатҳои ҳарбии вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ ва дигар шахсони масъул, ки ба чорабиниҳо дар маъракаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб гардидаанд, машғулиятҳои дастуриву методӣ гузаронда шуд.

Натиҷаи андешидани чунин чорабиниҳои судманд буд, ки сафи ихтиёриён барои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ сол то сол меафзояд. Барои муташаккилона гузаронидани ин маърака дар ҷумҳурӣ 68 комиссияи даъватӣ ташкил карда шудааст, ки онҳо фаъолияти худро дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба роҳ мондаанд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки имсол шумораи ихтиёриён хеле афзудааст. Дар натиҷа, дар ду ҳафтаи аввали моҳи октябр нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бештар аз 50 фоиз иҷро гашт. Ҳафт ноҳия, аз ҷумла Шуғнон Дарвоз, Ишкошим, шаҳри Истиқлол, ноҳияҳои Шаҳристон, Балҷувон, Носири Хусрав, Темурмалик нақшаро пеш аз муҳлат иҷро карданд.

Ҳоло дар аксари шаҳру ноҳияҳо ин маърака бо тайёрии пешакӣ ва муташаккилона идома дорад. Боварӣ ҳаст, ки нақшаи сафарбаркунии даъватшавандагон пеш аз муҳлат иҷро хоҳад гашт.

Дар ҷавоби саволи мо -ихтиёриён чӣ бартарӣ ва имкониятҳо доранд, полковник Юнусҷон Муродов гуфт, ки онҳо дар қисмҳои низомии барояшон маъқул метавонанд хизмат намоянд. Комиссияҳои даъватӣ ҳангоми тақсимот ин хоҳиши ихтиёриёнро ҳатман ба инобат мегиранд.

Даъватшавандагоне, ки як фарзанд доранд, муҳлати хизмати ҳарбиро метавонанд дар қисмҳои низомии нисбатан ба маҳали зисташон наздик адо кунанд.

Мувофиқи маълумоти комиссияҳои даъватӣ сафи хизматчиёни ҳарбӣ аз ҳисоби ҷавонони маълумоти олидор низ сол то сол афзуда истодааст. Мутобиқи қонунгузорӣ муҳлати хизмати онҳо як сол мебошад.

Дар қисмҳои низомӣ низ барои хизмати хоҳишмандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҷавонони хоҳишманд имконият доранд, ки баъди як соли хизмат барои дохил шудан ба муассисаҳои олии таълимии ҳарбӣ омодагӣ бинанд. Бо хатми донишгоҳҳои олии ҳарбӣ онҳо хизматро дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун афсар идома медиҳанд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»