КОА: Мушкилиҳо тадриҷан бартараф мегарданд

№29 (3666) 14.03.2017

Дар оғози соли таҳсили 2011, ҳангоми вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни макотиби олии кишвар, ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни баррасии паҳлуҳои мухталифи соҳаи илму маориф ба мушкилоти ҳимояи рисолаҳои илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба мутасаддиён дастур доданд, ниҳоде созмон дода шавад, ки олимони ҷавон, унвонҷӯён дар хориҷ аз кишвар маблағи зиёд харҷ карда, сарсону саргардон нашаванд. Воқеан, он давра зарурати таъсиси ниҳоди мустақил фаро расида, бунёди онро заминаву омилҳои зерин тақозо мекард: соҳибистиқлолии давлат ва таъмини мустақилияти мамлакат дар ин самт, афзудани талабот ба кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ дар кишвар, ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ, аз тарафи «ВАК» -и Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия баста гардидани фаъолияти аксарияти шӯроҳои диссертатсионӣ, ба фазои ягонаи таҳсилотии байналмилалӣ пайваст гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис ёфтан ва ба фаъолият оғоз кардани комиссияҳои олии аттестатсионӣ  дар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ.

Аз ҳама возеҳ ба моҳият ва аҳамияти таъсиси ин муассиса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳо дода, таъкид намуда буданд: «Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ имконият медиҳад, ки  мушкилоти зиёди шаҳрвандон дар бобати  омода кардани  рисолаҳои илмӣ ба забони  давлатӣ  ва ҳимояи онҳо дар дохили кишвар осон гардида, ҳамзамон  бо ин эҳтиёҷоти  кишвар ба кадрҳои муосири илмӣ дар доираи низоми байналмилалӣ таъмин гардонида шавад. Ин иқдом метавонад барои таҳкими истиқлолияти илмии мамлакат мусоидат намояд».

Ҳамин тариқ, бо ибтикори  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоди мустақил, ки бевосита масъулияти назорату тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ — омӯзгории тахассуси олиро ба уҳда дошта бошад, бо номи Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА)- и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №225, 12 августи соли 2014 таъсис ёфт, ки рӯйдоди таърихии дорои аҳамияти  сиёсӣ, байналмилалӣ ва илмию амалӣ мебошад.

Мушкилтарин масъала дар ибтидои фаъолият ҷалби мутахассисони варзидаву соҳибтаҷриба дар ин муассисаи навтаъсис ба ҳисоб мерафт, ки ҳоло ҳам ҷой дорад. Барои ҳаллу фасли  он 11 апрели соли 2016 бо иштироки вазири маориф ва илм Саид Нуриддин Саид, президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ ва президентҳои академияҳои соҳавӣ ҷаласаи корӣ доир гардид.

Бисту панҷуми ноябри соли 2016 ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон се санади асосии меъёрии ҳуқуқие, ки раванди тайёр кардани кадрҳои илмӣ, илмӣ-омӯзгории тахассуси олиро танзим менамояд – «Низомномаи намунавӣ оид ба Шӯрои диссертатсионӣ», «Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда» ва «Тартиби додани дараҷаҳо ва унвони илмӣ (дотсент, профессор)»- ро баррасӣ кард. Зимни  матраҳ намудани намунаи давлатии дипломҳои номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, доктори илм ва шаҳодатномаҳои (аттестатҳои) дотсент ва профессор Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сохторҳои дахлдор, аз ҷумла Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавиро ба паҳлуҳои гуногуни соҳа, аҳамияти стратегӣ доштани таҳқиқотҳои илмӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи илмҳои дақиқ, ихтироот ва навовариҳои техникӣ ҷалб карда, дастуру ҳидоятҳо дода, барои инкишофу пешрафти ояндаи кишвар дар ин самт ибрози назар намуданд. Дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-23 декабри соли гузашта низ доир ба ин масъала садо доданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар ба нақши калидии илм дар рушди тараққиёти давлат ишора карда, аз вазъи корҳои илмӣ чунин ибрози нигаронӣ намуданд: «Илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд. Мутаассифона, дар кишвари мо ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҳанӯз кам буда, бозёфтҳо дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас нестанд. Дар  замоне ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаббусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасад, афроди лаёқатманд, ихтироъкор ва навҷӯ ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд ва мавзӯъҳои фармоишӣ барои талаботи давлат равона намегарданд. Дар мамлакат дар шароити имрӯза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони ин соҳа маҳсуб меёбад, ки он беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад».

Ҳамчунин, Президенти кишвар ба ояндаи илми ватанӣ бо назари нек нигоҳ карда, зимни ироаи Паём таъкид намуданд: «Бовар дорам, ки минбаъд олимон дар доираи стратегияву барномаҳои давлатӣ таҳқиқот бурда, ба масъалаи тарбияи муҳаққиқони ҷавони ихтироъкору навовар эътибори ҷиддӣ медиҳанд».

Кормандони Комиссияи олии аттестатсионӣ дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият қарор дода, ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри таҳкиму такмили рукнҳои давлатдорӣ дар самти тайёр кардани кадрҳои болаёқат саҳмгузор бошанд.

Дар бораи фаъолияти ҳаррӯзаи КОА, (ВАК) санадҳои асосии меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин лоиҳаҳои дигар асноди ҳуқуқию иттилоотӣ, аз қабили «Низомномаи Раёсати КОА», «Низомномаи ҳайати мушовараи КОА», «Нақшаи фаъолияти КОА дар соли 2017», «Таснифоти давлатии самт ва ихтисосҳои докторантура аз рӯйи ихтисос дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Номгӯи ихтисосҳои кормандони илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Феҳристи ихтисосҳое, ки аз рӯйи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонҳои илмӣ дода мешаванд», «Феҳристи мувофиқати байни таснифотҳо», «Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои таъсиси шӯрои диссертатсионӣ», «Тартиби додани дараҷа ва унвони илмӣ», «Дастурамалҳои вазифавии кормандони шуъбаи аттестатсионии КОА», «Қоидаҳои бақайдгирии нашрияи тақризшавандаи КОА», «Феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи КОА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз сомонаи www. vak.tj маълумоти зарурӣ пайдо кардан мумкин аст.

Ғайр аз ин, чанд ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқиву иттилоотии дигар, аз қабили «Тартиби баррасии парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияҳо дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дастурамал оид ба тартиби баррасии масъалаҳои сазовор донистан, маҳрум сохтан ва барқарор намудани унвонҳои илмӣ ва тартиби ба расмиятдарории парвандаҳои аттестатсионии унвонҷӯёни унвони илмӣ», «Регламенти ташхиси диссертатсияҳои ба забони хориҷӣ (англисӣ) омодагардида» ва асноди дигари меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти минбаъдаи КОА-ро ба танзим медароранд, таҳия гардидааст. Ҳамчунин, зиёда аз 100 шаҳодатномаи ихтисоси илмӣ таҳия ва дар ин самт кор идома дорад.

Баробари ба тасвиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №505 аз 26 ноябри соли 2016 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ. Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ  ва унвони илмӣ (дотсент ва профессор) ва Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда» амалан роҳ барои таъсиси шӯроҳои ҳимоя аз рӯи дараҷаҳои илмии доктор PhD, доктор аз рӯи ихтисос кушода шуд. Акнун макотиби олии кишвар ва пажӯҳишгоҳҳо метавонанд аз рӯи талаботи «Низомномаи намунавӣ» шӯроҳои диссертатсиониро таъсис диҳанд.

Албатта,  корҳои илмию амалии анҷомнаёфта зиёданд. Боварӣ дорем, бо кӯшиши аҳли зиё ва мутахассисони тахассуси олӣ мушкилот тадриҷан бартараф гардида, мустақилияти кишвар дар ин самт низ комилан таъмин мешавад.

 А. РОЗИҚЗОДА,

раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»