Шарҳи қонун

Қонуни нав имконоти деҳқононро васеъ менамояд

№78 (3558) 18.06.2016

DSC_0430Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, Рустам Латифзода, Ҷамшед Муртазоқулов, Мирзоанвар Ахмедов лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)»- ро таҳия ва пешниҳод намуданд, ки баъди қабул ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дорад. Хабарнигорамон бо яке аз муаллифони лоиҳаи қонуни мазкур, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, доктори илми ҳуқуқ, профессор Ҷамшед Муртазоқулов мусоҳиб шуд.

- Чӣ зарурат пеш омад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» дар таҳрири нав қабул гардад?

- Дар қонуни қаблӣ фаъолияти ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ маҳдуд буд, яъне дар шакли кооператив ё ширкат иҷозат дода мешуд.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 160 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ таъсис ёфтаанд, ки шакли фаъолиятро худашон муайян менамоянд.

Пештар дар ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ усулу воситаҳоеро истифода мебурданд, ки хоси давлатҳои хориҷӣ буда, ба шароити мо мутобиқ набуд ва ҳатто зараровар буд. Чунончӣ, дар шартномаи фютчерӣ, манфиати онҳо ба инобат гирифта намешуд. Бо изофа гаштани фоизи қарзҳо маблағи зиёд бар уҳдаи онҳо илова мешуд, ки аксар маврид имкони баргардониданро надош­танд. Биноан, чунин шакли корбарӣ дар фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ минбаъд мавриди истифода қарор нагирифта, бештар ба онҳо мустақилият дода шуд. Дар моддаи якуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» омадааст: «Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» субъекти соҳибкорӣ, ки дар он истеҳсол, нигоҳдорӣ, коркард ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолияти шахсии як нафар ё фаъо­лияти якҷояи гурӯҳи шахсони воқеӣ дар қитъаи замин ва молу мулки ба онҳо тааллуқдош­та асос ёфтааст».

Ҳамрадиф бо ин, нафаре, ки шахсан дар фаъолияти он иштирок намекунад, узви хоҷагии деҳқонӣ буда наметавонад.

- Бо қабули қонун то чӣ андоза номукаммалии зикршуда бартараф мешавад?

- Бо ин мақсад ба бисёр санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Кодекси гражданӣ, Кодекси замин, Кодекси андоз ва ғайра тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардиданд.

Дар ин замина, вазъи ҳуқуқии худи субъектҳои хоҷагии деҳқонӣ тағйир ёфта, ҳоло ягона ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи фаъолияти хоҷагии деҳқониро ба низом медарорад, сертификатсияи истифодаи қитъаи замин мебошад. Дар он саҳми ҳар як узви хоҷагии деҳқонӣ муайян шуда, муносибатҳои нави меҳнатӣ ба миён омадаанд. Акнун дар хоҷагии деҳқонӣ ба ғайр аз аъзои доимӣ, аъзои ихтиёран якҷоя фаъолият­кунанда, кормандони мавсимӣ низ ҷалб мешаванд.

Чунин муносибатҳои меҳнатӣ дар қонун танзим шуда, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳуқуқ дода шудааст, ки шакли фаъолиятро мус­тақилона муайян намоянд.

-Тартиби додани замин мутобиқи қонуни мазкур чӣ тавр сурат мегирад ва узви хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқи аз ҳайати он баромадан ва ташкил додани хоҷагии мустақилро дорад?

-Тартиби додани қитъаи заминро Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст. Шахсони манфиатдор ба сохтори дахлдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ариза муроҷиат менамоянд. Дар муроҷиат, инчунин мавриди истифодаи кадом бахш (зироаткорӣ, боғдорӣ ва ғайра) қарор гирифтани қитъаи замин нишон дода мешавад.

Дар моддаи 3-юми қонуни мазкур ҳуқуқи таъсиси хоҷагии деҳқонӣ ва ­шак­л­ҳои он муайян гардидааст. Вобаста ба муқаррароти моддаи мазкур, ҳуқуқи ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ танҳо ба шахсони ба синни 18 расида ва қобили амалбуда дода мешавад. Ҳарчанд ки ҳуқуқи таъсисдиҳӣ ва роҳбарии хоҷагии деҳқонӣ ба шахсони ба синни 18 нарасида маҳдуд гардонида шудааст, вале аз синни 16 узви хоҷагии деҳқонӣ шудан мумкин аст (моддаи 27 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Хоҷагии деҳқонӣ дар шаклҳои зерин таъсис меёбад (қисми 2 моддаи 3-юми қонуни мазкур):

- бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, бо шумораи аз 1 то 50 нафар аъзо:

- бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ бе дарназардоштаи шумораи аъзо.

Қонун ташкил ва фаъолияти хоҷагии деҳқонии аз як нафар иборатбударо бо таъсиси шахси ҳуқуқӣ ва бе он имкон медиҳад.

Моддаи 28-уми қонуни мазкур муқаррар менамояд, ки узви хоҷагии деҳқонӣ ҳуқуқи аз ҳайати он баромадан ва ташкил додани хоҷагии мустақилро дорад.

Дар қонуни қаблӣ сохтани объектҳои ёрирасон (аз қабили бошишгоҳ, хирман ва ғайра) мушаххас муайян нашуда буд. Минбаъд хоҷагиҳои деҳқонӣ чунин имконият доранд. Вобаста ба муқаррароти моддаи 30- юми қонуни мазкур дар мавриди беш аз се гектар будани масоҳати қитъаи замини хоҷагиии деҳқонӣ дар ҳудуди то 0,01 гектар, дар ҳолати зиёда аз 10 гектар будани қитъаи замин то 0,03 гектар ва зиёда аз 20 гектар то 0,05 гектар барои сохтмони бошишгоҳ иҷозат дода мешавад.

Ин объект дар асоси лоиҳаи намунавии мақомоти ваколатдори меъморӣ ва сохтмони ноҳия (шаҳр) бо риояи талаботи бехатарӣ аз сӯхтор, санитарӣ, экологӣ сохта мешавад.

- Бо кадом сабабҳо фаъолияти хоҷагии деҳқонӣ қатъ мегардад?

- Ин ҳолат дар моддаи 31- уми қонуни мазкур ба таври зайл муқаррар шудааст:

- қатъ гаштани ҳуқуқи заминистифодабарӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- пешниҳоди аризаи роҳбари хоҷагии деҳқонии аз тарафи як нафар шахси воқеӣ таъсисдодашуда;

- дар асоси қарори маҷлиси аъзо;

- ҳангоми муфлисшавӣ;

- дар асоси қарори суд.

Дар маҷмӯъ, мавриди амал қарор гирифтани қонун муҳиму саривақтӣ маҳсуб шуда, имконоти кишоварзонро васеъ менамояд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум», Суратгир А. ИСОЕВ