Парламентҳои ҷаҳон чӣ ном доранд?

№88 (3568) 09.07.2016

Дар давлатҳои ҷаҳон мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор бо номҳои гуногун фаъолият мекунанд.

Дар бисёр кишварҳо, ба монанди Австралия, Британияи Кабир, Юнон, Гурҷис­тон, Миср, Италия, Қазоқистон, Канада, Малайзия, Молдова, Руминия, Франсия ин мақом Парламент ном дорад.

Дар Арманистон, Бангладеш, Венгрия, Ветнам, Корея, Белиз, Ванауту бо номи Маҷлиси миллӣ, дар Лаҳистон, Суринама, Никарагуа, Ливан, Лаос, Куба, Замбия, Гаяна, Венесуэла, Покистон, Бангладеш таҳти унвони Ассамблеяи миллӣ фаъолият менамоянд.

Кишварҳое ҳастанд, ки мақоми олии намояндагӣ ва қонунбарорашон номҳои хоса доранд. Чунончӣ, Рийгикогу (Эстония), Бундестаг (Олмон), Фолкетинг (Дания), Риксадаг (Шветсия), Коккай (Япония), Сансад (Ҳиндустон), Шӯрои машваратии исломӣ (Эрон), Ойряхтас (Ирландия), Жогорку Кенеш (Қирғизистон), Маҷлиси умма (Кувайт), Сейм (Латвия ва Литва), Стортинг (Норвегия).

Дар Финландия номи мақоми зикршуда Эдускунта буда, дар ҷаласаҳои он хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»