Аз нек боғ

Писта ва парвариши он

№140-141 (3125-3126) 04.11.2013

Писта аз ҷумлаи меваҳои серғизо ва пурқимат мебошад. Дар бозорҳои кишвари мо, аз ҷумла шаҳри Душанбе дар арафаи иди Фитр як килограмм писта то ба 80 сомонӣ расид. Агар парвариши он васеъ ба роҳ монда шавад, таъминоти мардум бо ин мева хубтар ва нархҳо паст мешаванд. Дар ин робита, барои кӯмаки шумо аз силсилаи «Аз нек боғ» маводи мазкур пешкаш мешавад.

Пистаро бештар аз тухмӣ парвариш мекарданд, ки дар натиҷаи тағйирёбӣ як қатор хусусиятҳои қиматноки биологию хоҷагии худро гум мекард. Ҳамин тариқ, шаклҳои гуногуни пистаҳои сифати молиашон паст ба вуҷуд омадаанд. Тухми пистаро бо ду роҳ мекоранд: Тирамоҳ- тухмии хушк, баҳорон — тухмии дар қум хобондашуда.

Барои тухмӣ меваи на зиёда аз як сол нигоҳдошташударо истифода мебаранд. Барои зери қумхобонӣ ба 1 қисми тухмӣ 2 қисм реги шусташудаи дарёро гирифта, бо ҳам омехта мекунанд. Намнокии қум бояд чунин бошад: ҳангоми дар даст гирифта, фишурдан аз он об ҷудо нашавад ва вақти панҷаро кушодан қум пош нахӯрад.

Пас, дар қуттиҳои тагаш сӯрохҳои 0,5-1 см дошта, ё ин ки чуқурии дар замин кофташуда, вобаста аз миқдори тухмӣ, аввало бо ғафсии 3-5 см қум тунук намуда, баъд тухмии бо қум омехташударо мегузоранд. Аз болои қабати тухмии гузошташуда боз ғафсии 5-7 см қум пушонда ҳамвор мекунанд. Баъди ҳар як моҳ тухмиро кофта, рӯйгардон кардан лозим аст. Намнокӣ ҳам бояд назорат карда шавад. Муҳлати зериқумхобонии тухмӣ вобаста ба намуди дарахтон мебошад.

Ҷадвали 1

Тайёркунии тухмии дарахтон барои сабзиш ва муҳлати нигоҳдории онҳо дар зери қум 

Тухмии

намуди дарахтон

Муҳлати нигоҳдории тухмӣ

дар зери қум (руз)

Себи биҳӣ

70-90

Себи Сиверс (ёбоӣ)

90-110

Нок( турунҷ. хирсак)

80-100

Олуи дарвоз (ёбоӣ)

100-120

Олуча

120-150

Дулона

50-60

Зардолу

90-120

Шафтолу

210-240

Бодом

120-150

Чормағз

120-130

Писта

110-120

Хурмо

90-100

Уноб (ҷигда, челон)

110-120

Балар (рябина)

150-180

Хуч, зирк

80-90

Ҳарорати ҷойи зериқумхобонии тухмӣ набояд аз 3-5 0 С баланд бошад Як ё ду рӯз пеш аз оғози кишти тухмӣ заминро тайёр намуда, дар масофаи 70-80 см ҷӯякҳо кашидан лозим аст. Пас, дастӣ тухмро якто-якто дар масофаи 20-25 см аз якдигар дур гузошта, болояшро бо ғафсии 8-10 см хок мепӯшонанд.

Дар давраи нашъунамо 3-4 маротиба бехи ниҳолҳоро нарм намуда, алафҳои бегонаро канда мегиранд. Вобаста аз ғизонокии хок ба онҳо се маротиба нуриҳои азотӣ ва органикӣ медиҳанд. Барои намнокии муътадили хокро таъмин кардан 8-10 маротиба об додан ба мақсад мувофиқ аст. Вобаста аз шароити маҳал ва инкишофи ниҳолҳо онҳоро дар соли 1-ум ё 2-юм пайванд мекунанд. Дар ин ҳолат қаламча бояд нағз инкишоф ёфта, аз касалиҳо тоза бошад. Пайванди писта нисбати дигар дарахтони мевадиҳанда мушкилтар буда, хусусияти хоси худро дорад. Якчанд намуди пайвандкунӣ маъмул аст. Аммо бештар барои писта тарзи пайванди Т-шакл мувофиқтар аст. Инчунин ҳангоми тайёркунии қаламчаҳо ва аз як ҷо ба ҷойи дигар бурдани онҳо аз усули дар картошка ҷой кардани қаламчаҳоро истифода мебаранд.

Барои писта давраи пайвандкунӣ (асосан растаниҳое, ки дар заминҳои лалмӣ месабзанд) хело муҳим аст. Аслан пайванди пистаро аввал ё нимаи моҳи июн, баъзан охири моҳи май мегузаронанд. Давомнокии муҳлати пайвандкунии писта як-ду ҳафтаро дар бар мегирад. Гузаронидани пайванди писта субҳидам то соати 10-11, бо дарназардошти хуб ҷудошавии шира ҳангоми буриши тагпайванд ё ҷойи пайвандшаванда, натиҷаи хуб медиҳад

Ҳангоми пайвандкунӣ аввало аз қаламчаи пайванддуст муғҷаро бурида ҷудо карда мегиранд. Пас дар баландии 5-10 см аз сатҳи хок бо андозаи 2-3 мм пӯсти тагпайвандро Т-шакл аз тана ҷудо мекунанд.

Сипас, муғҷаи пайванддӯстро ба он ҷо мегузоранд ва тез бо тасмаи полиэтиленӣ печонида мебанданд. Пайванди пистаро бояд ду нафар ба анҷом расонанд. Шахси якум пайванд мекунад, шахси дуюм бошад, бо тасмачаи полиэтиленӣ ҷойи пайвандшударо мебандад. Баъди 15-20 рӯз часпидани пайвандҳоро аз назар мегузаронанд, ки аз рӯйи намуди муғча муайян карда мешавад. Баъзе пайвандҳо ҳамин сол ба адозаи 8-10 см қад мекашанд ва аксарияташон соли оянда сабзиш мекунанд. Аввали баҳори соли оянда тагпайвандҳоро одатан 2-3 мм болотар аз пайванд мебуранд. Агар шароити маҳал сершамол бошад, барои аз таъсири шамол нашикастан ва бо зарурати бастани пайвандҳо, тагпайвандҳоро 8-10 см болотар аз пайванд мебуранд. Дар мавриди зарурӣ ниҳолчаҳоро бо чӯбчаҳо мебанданд. Баъди 15-20 см қадкашии пайванд навдачаҳои аз тагпайванд рӯйидаро канда мепартоянд. Нигоҳубинии ниҳолҳои пайвандӣ ба монанди соли якум аз нарм кардани бехи ниҳолҳо 2-3 маротиба, нест кардани алафҳои бегона, додани ғизо, обмонӣ ва ҳифзи онҳо аз касалию ҳашарот иборат аст. Ҳангоми нигоҳубини хуб то охири давраи нашъунамо ниҳолҳо 60-70 см қад кашида, қутри ғафсии танаашон 1,5-2 см мешавад, ки ин ба стандарт ҷавобгӯй мебошад.

Ҳикматулло Назиров, доктори илмҳои кишоварзӣ,

Бурҳониддин  Каримзода, «Садои мардум»