Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ

Санаде, ки роҳҳои мушаххаси рушдро муайян менамояд

№13 (3650) 08.02.2017

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мавриди ҳамовозӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи тамоми қишри ҷомеа қарор гирифтааст. Зеро дар он паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа пурра ва назарбинона мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Ва он санадест, ки роҳҳои мушаххаси рушду инкишофи кишварро дар  шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза муайян менамояд.

Президенти мамлакат дар Паём қайд намуданд, ки баланд бардоштани  сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти муҳимтарини сиёсати Ҳукумати мамлакат буда, соли 2016-ум  52 фоиз хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ ба ин мақсад равона карда шудааст.

Буҷети давлат дар соли 2017 дар ҳаҷми зиёда аз 19 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2016  қариб 10 дарсад зиёд буда, беш аз нисфи он ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда мешавад.

Тавре аз меъёрҳои конститутсиони мамлакат бармеояд, «Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёду  демократӣ ва дунявӣ буда,  таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ аз тарафи давлат кафолат дода шудааст».

Бо мақсади амалишавии ин арзиши воло дар даврони Истиқлолияти давлатӣ тамоми заминаи ҳуқуқии кишвар такмил ёфта, дар ин самт санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд қабул гардиданд.

Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ як қатор  қонунҳоеро қабул намуд, ки ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, пешрафти иқтисодиёт ва соҳибкорӣ равона шудаанд.

Инчунин, Президенти мамлакат дар Паём ба хотири рушди минбаъдаи фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ба Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ супориш доданд, ки Консепсияи «Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия карда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.

Инчунин, мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда дар самти таҳкими мустақилияти ҳокимияти судӣ корҳои муайян амалӣ гардиданд. Оид ба ин раванд дар ҷумҳурӣ Шӯрои адлия барҳам хӯрда, масъалаҳои вобаста ба интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани  сатҳи касбияти судяҳо ба зиммаи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ вогузор гардиданд.

Вобаста ба ин Президенти мамлакат дар Паём таъкид намудаанд, ки роҳбарони мақомоти мазкур вазифадор карда шаванд, ки ба масъалаи пешбарии номзадҳо ба вазифаи судя диққати махсус зоҳир намуда, шахсияти онҳоро бо тартиби муқарраргардида омӯзанд ва ба вазифаи масъулиятноки судя  ҳуқуқшиносонеро  пешниҳод намоянд, ки дониши хуби назариявӣ ва таҷрибаи кофии касбӣ дошта, аз ҷиҳати одобу ахлоқ ва рафтору кирдор ба ин мансаби масъули  давлатӣ муносиб бошанд.

Дар таъмини адолати судӣ  иҷрои қарорҳои судӣ низ нақши муҳим доранд. Мутаассифона, баъзан ҳолат қарорҳои судӣ дар муҳлати зиёд ба иҷро расонида намешаванд. Аз ин рӯ, Президенти мамлакат дар Паём таъкид намуданд, ки  Вазорати адлия, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  зарур аст, ки  бо дарназардошти  таҷрибаи пешқадами механизми самараноки таъмини иҷрои қарорҳои судӣ чораҳоро ҷиҳати таъмини фаъолияти иҷрочиёни суд таҳия ва пешниҳод намояд.

Ҳамин тариқ, Паёми Президенти кишвар тамоми паҳлуи ҳаёти ҷомеаро  дар бар гирифта, водор месозад, ки баҳри иҷрои ҳар як супорише, ки аз он бармеояд, кӯшишу ғайрат намоем.

Мирзоусмон ГИЁЗОДА, раиси Суди шаҳри Душанбе