Сомнат Гҳош: «Соҳибкорони Ҳиндустон хоҳони фаъолият дар Тоҷикистон ҳастанд»

№14 (3651) 11.02.2017

indiyaposolСуҳбат бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сомнат Гҳош

- Охирҳои соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон сафар намуда, бо роҳбарият ва доираи соҳибкорон мулоқот намуданд. Таваҷҷуҳи соҳибкорону доираҳои тиҷоратии Ҳиндустон барои ҳамкорӣ чӣ гуна аст?

- Соҳибкорони Ҳиндустон барои фаъолият дар Тоҷикистон манфиатдоранд. Онҳо бештар ба самти тиҷорат ва хизматрасонӣ, иқтисод, интиқоли неруи барқ ва дигар бахшҳо таваҷҷуҳ дошта, дар ҷаҳон ҳамчун мардуми қонунпараст ва масъулиятшинос машҳуранд.

- Соли 2016 ҳаҷми робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон чӣ қадар буд ва он метавонад дар оянда зиёд шавад?

- Нишондодҳои тиҷоратӣ аз моҳи январ то октябри соли 2016 аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 16 миллион доллар молу маҳсулот воридот ва аз Тоҷикистон дар ҳаҷми 12, 52 миллион доллар содирот шудааст.

Мо бояд бифаҳмем, ки тиҷорат аз фаъолияти бахши хусусӣ иборат буда, фоидаро талаб мекунад. Набудани роҳи заминӣ байни Ҳиндустону Тоҷикис­тон мушкилиҳои зиёдро барои соҳибкорон пеш меорад. Онҳо наметавонанд, ки молҳои худро сари вақт ва бо нархҳои дастрас таҳвил кунанд. Моҳи декабри соли 2016 ба ҷониби Тоҷикистон аз ниятамон ҷиҳати шомил шудан ба Созишномаи сетарафаи транзитии байни Покистон-Афғонистон-Тоҷикистон хабар додем.

Соли гузашта Ҳиндустон, Афғонис­тон ва Эрон ба қароре омаданд, ки истифода аз бандари Чобаҳорро дар Эрон вусъат бахшанд, то ки он ҳамчун маркази минтақавии тиҷоратӣ — саноатӣ, бо инфрасохтори зарурии нақлиётӣ хизмат кунад ва Афғонистону Эронро бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бипайвандад. Бо рушди ин инфрасохтори нав, бандари Чобаҳор метавонад ба Тоҷикистон роҳи кӯтоҳу арзонро ба бандарҳои баҳрӣ пешкаш намояд. Набудани дастрасии нақлиётӣ сабаби ягонаи маҳдудияти рушди тиҷорати байни Ҳиндустону Тоҷикистон нест. Бозорҳои ҳар ду кишвар ҳоло якдигарро хуб намешиносанд ва маълумоти лозимро дар бораи пешниҳоди молу хизмат­расонии якдигар дар даст надоранд. Ҳиндустон ва Тоҷикистон Созишномаро ҷиҳати канорагирӣ аз андозбандии дукарата ба имзо расониданд. Чанде қабл матни Аҳдномаи дуҷонибаи сармоягузорӣ низ омода шуд. Новобаста аз ин, инфрасохтори зарурӣ аз ҷиҳати шароити мусоиди техникӣ ва ҳуқуқӣ ҳанӯз пурра фароҳам нашудааст. Андозбандӣ низ мушкилиҳоро пеш меорад. Бояд якҷоя кор кунем, то ки соҳибкорон ва сармоягузорон ба муҳити пешгӯйишаванда ва рӯҳбаландкунандаи рушди тиҷорат ва сармоягузории дуҷониба боварӣ дошта бошанд.

- Соли 2016 чанд нафар мутахассиси тоҷик дар доираи барномаи ITEC дар Ҳиндустон донишу малакаи худро такмил доданд?

- Барномаи Ҳиндустон оид ба ҳамкории техникию иқтисодӣ (ITEC) яке аз барномаҳои машҳури байналмилалӣ мебошад, ки дар асоси грант барои рушди маҳорати мутахассисон, татбиқи лоиҳаҳои хурд ва миёна дар хориҷи кишвар амалӣ мегардад. Мо аллакай зиёда аз 1200 мутахассисро аз Тоҷикистон ба барномаи мазкур ҷалб намудем ва харҷи таълими онҳо пурра аз ҷониби Ҳиндустон пардохт шуд. Дар курсҳои такмили ихтисос ҷалбшудагон метавонанд дар самти технологияи иттилоотӣ, забони англисӣ барои пеш бурдани соҳибкорӣ ва фаъолият дар сатҳи гуногун, баҳисобгирии муҳандисӣ, менеҷмент, бахши меҳмонхона, ВАО, соҳибкорӣ, манбаъҳои ғайримуқаррарии неруи барқ, аудит, фаъолияти бонкӣ, рушди кишоварзӣ ва ғайра маълумоти заруриро ба даст оранд. Самти нави курсҳо ҳар сол аз 1 апрел то 31 марти соли дигар ворид карда мешаванд. Солҳои 2016-2017 ҷалби 190 донишҷӯву коршиноси тоҷикро дар курсҳои барномаи ITEC дар назар дорем. Илова бар ин, 25-40 нафар донишҷӯро ҳар сол ба Ҳиндустон барои таҳсил дар донишгоҳҳои олии марбут ба соҳаҳои фарҳанг ва мудофиа равон менамоем, ки ҳама ройгон аст. Дар Сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе бошад, дарсҳои йога, забони ҳиндӣ, рақси классикии «Катак» ва мусиқии ҳиндиро ба роҳ мондаем.

- Соҳаи тандурустии Ҳиндус­тон хеле пешрафта аст. Аз ин рӯ, беморони зиёде барои муолиҷа аз дигар кишварҳо ба Ҳиндустон мераванд. Оё имкон дорад, ки ҷониби Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе маркази тиббӣ ё шифохона бунёд кунад?

- Дуруст аст, ба кишвари мо беморон аз тамоми ҷаҳон, аз ҷумла, аз давлатҳои рушдёфтаи Ғарб барои табобати мураккаб ва ҷарроҳӣ муроҷиат мекунанд. Инчунин, беморонро аз Тоҷикистон тавассути хатсайри мустақими Деҳлӣ-Душанбе қабул карда истодаем. Беморони Тоҷикистон, ки ба Ҳиндустон сафар мекунанд, пас аз баргаштан хабар медиҳанд, ки сатҳи ҷарроҳӣ ва муолиҷа дар Ҳиндустон хуб рушд ёфтааст ва нархҳои хизматрасониҳои тиббӣ назар ба дигар кишварҳо пасттаранд.

Барои кушодани беморхонаи ҳиндӣ дар шаҳри Душанбе то имрӯз тасмиме гирифта нашудааст, вале ҳам бахши давлатӣ ва ҳам бахши хусусии Ҳиндустон саҳми худро дар рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон, аз ҷумла, тавассути ворид намудани доруҳо ва ваксинаҳо гузошта истодаанд. Пӯшида нест, ки Ҳиндустон аз ҷиҳати рушди соҳаи фармасевтӣ яке аз давлатҳои пешқадам дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

- Барои густариши робитаҳои иқтисодию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон кадом чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд?

- Ҷаласаи 9-уми Комиссияи муштараки Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ дафъаи навбатӣ дар Ҳиндустон баргузор мегардад. Аз ин хотир, ният дорем, ки сафарҳои соҳибкорони Тоҷикис­тонро ба Ҳиндустон ва баръакс, барои иштирок дар ярмарка ва чорабиниҳои гуногун, ташрифи гурӯҳҳои фарҳангии Ҳиндустонро ба Тоҷикистон ташкил намоем. Инчунин, соли ҷорӣ баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба Мирзо Абдулқодири Бедил ба нақша гирифта шудааст.

- Миёни парлумонҳои ҳар ду кишвар ҳамкориҳо чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Ҳиндустон ва Тоҷикистон ташрифи чанд ҳайати вакилони парлумонро ба ҳар ду кишвар дар гузашта амалӣ кардаанд. Ташрифи охири ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Ҳиндустон моҳи феврали соли 2009 сурат гирифт ва хоҳони дар оянда густариши ҳар чӣ бештари чунин равобит мебошем.

Дар ҷараёни сафар ба Ҳиндустон моҳи декабри соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷаноби Ҳамид Ансорӣ — ноиби Президенти Ҳиндустон мулоқот намуданд, ки ҳамзамон Раиси Раҷя сабҳа (палатаи болоии Парлумони Ҳиндус­тон) мебошад. Ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои парлумонии ҳар ду кишварро баррасӣ намуда, аҳамияти онро барои рушди муносибатҳои ду давлати дӯст махсус таъкид карданд.

Мусоҳиб Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум»