Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

№92 (3393) 08.07.2015

Ҳамватанони азиз бояд дарк намоянд, ки демократия ва усули давлатдорӣ дар кишварҳои Аврупо баробари ҷиҳатҳои мусбӣ «махсусият»-ҳои худро доранд, ки дар қиболи онҳо ҳуқуқҳои инсон «як фулус» арзиш надоранд

Табиати  як идда инсонҳо аҷиб аст. Аксари вақт дар қиболи  дастоварду пешравиҳои  кишвари худ «нобино» мешаванду ба зиндагиву усули давлатдории мамлакатҳои ғайр бо ҳавас менигаранд. Манзурам «шоридан»-и «оби даҳон»-и баъзеҳо барои  демократияи кишварҳои Аврупо мебошад, ки аксари вақт дар баъзе воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ бозгӯйӣ мегардад. Ба ҳеҷ ваҷҳ мавҷудияти демократияро дар мамлакатҳои фавқуззикр инкор намуданӣ нестам. Вале ашхоси аз набзи ҷомеа огоҳ хуб медонанд, ки на дар ҳама ҳолат демократияи Аврупо он демократияе аст, ки роҳбарияти давлатҳои мавриди назар ва ташкилоту созмонҳои «муваззафгардида» тарғиб,талқин ва таҳмил менамоянд. Масъулини кишварҳои фавқуззикр дар ҳоле аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон дар мамлакатҳои дигар, хоса ҷумҳуриҳои рӯ ба инкишоф изҳори «нигаронӣ» менамоянд, ки дар  худи ин давлатҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар рӯзи равшан бидуни мавҷудияти ҳолатҳои пешбинишуда нафарони бегуноҳро қатл мекунанд.

Дар ин росто, кишварҳои Аврупо алайҳи вуруди муҳоҷирон ба мамлакатҳояшон муборизаи «оштинопазир»-ро, ки тибқи он ҳатто бо истифода аз неруҳои низомӣ нобуд намудани киштиҳое, ки дар он муҳоҷирони ғайриқонунӣ қарор доранд, пешбинӣ шудааст, шурӯъ намудаанд. Ҳамрадиф бо омилҳои зикршуда, дар ин мамлакатҳо, алахусус ИМА бо истифода аз яроқи оташфишон, ки нигоҳдории он барои сокинони ин кишвар тибқи қонун имконпазир аст, қатл намудани инсонҳо ба падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст. Чанде пештар дар шаҳрҳои Филоделфия ва Детройд чунин ҳодисаҳо ба амал омаданд, ки идомаи мантиқии кушторҳои пешин маҳсуб ёфта, шумораи ҳалокшудагон дар муқоиса ба пеш бамаротиб зиёдтар буд. Аз ин бармеояд, ки рӯз то рӯз ин падида доман паҳн намуда истодааст. Ҳарчанд ташкилоту созмонҳои зиёд манъ намудани нигоҳдории аслиҳаи оташфишонро  барои аҳолӣ пешниҳод намуда истодаанд, вале Ҳукумати ИМА то ҳол ҳавасмандиашро ҷиҳати дастгирии он зоҳир накардааст. Яъне, чунин масъалаҳо барои ин қабил давлатҳо дуюмдараҷа маҳсуб меёбанд. Чунин мисолҳо зиёданд, вале банда мехоҳам танҳо сари  «ҷаҳду талош» — ҳои кишварҳои Аврупо вобаста ба пешгирии вуруди муҳоҷирон андешаронӣ намоям.

Тибқи маълумоти дастрасшуда, давоми соли ҷорӣ аз кишварҳои ғайр тариқи роҳи баҳрӣ зиёда аз 100000 нафар тасмими вуруд ба давлатҳои Аврупоро намудаанд. Нуктаи муҳим ва ҷолиб он аст, ки аз ин миқдор ба шарофати «чораандешӣ»- ҳои сохторҳои марбутаи кишварҳои Аврупо зиёда аз 2000 нафар зимни убури сарҳад дар баҳр ба ҳалокат расиданд. Онҳоеро, ки бо сад азоб  ба кишварҳои Аврупо мерасанд, мисли рамаи гӯсфандон як муҳлати муайян дар боздоштгоҳҳои махсус нигоҳдорӣ намуда, сипас ба макони зисташон «интиқол» медиҳанд. Барои роҳбарияти  давлатҳои мавриди назар, ки   аз «пишт» гуфтани «пишак»-и баъзеҳо дар мамлакатҳои дигар «нороҳат» гардида, онро нақзи ҳуқуқҳои инсон арзёбӣ менамоянд, ин омил падидаи маъмул буда, касеро ба ташвиш наовардааст. Баръакс, ин давлатҳо дар заминаи баргузории чорабиниҳои гуногун, аз қабили ҳамоиши сохторҳои марбута тадбирандеширо дар ин ҷода вусъат бахшиданианд.

Вақте усули давлатдории  кишварҳои абарқудратро, ки аксарашон давлатҳои аврупоӣ маҳсуб меёбанд, амиқтар мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, «махсусият»-ҳои хеле зиёд ҳувайдо мегарданд. Ин андешаи инфиродии банда набуда, дар заминаи таҳлилиҳои амиқу доманадор аз ҷониби коршиносони сатҳи байналмилалӣ низ ошкор ва бо  роҳу василаҳои гуногун ироа гардидаанд. Яке аз «махсусият»-и мавриди назар дар он зоҳир мегардад, ки ҷомеаи Ғарб ҳанӯз сесад сол пеш зарурати бунёди давлати дунявиро таври бояду шояд дарк намудаву то имрӯз ба он устувор аст. Вале дар ҳамин ҳол, давлатҳои Аврупо гӯё ба арзишҳои динии давлатҳои ақибмондае, ки қисми аъзами сокинонашонро мусулмонон ташкил медиҳанд, «арҷгузорӣ» намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ «роҳ намедиҳанд», ки онҳо  дар ҷодаи  эъмори давлати воқеан ҳам дунявӣ собитқадам бошанд, зеро замоне, ки чунин кишварҳо рӯй ба дунявият оварданд, аз муноқишаву низоъҳои динӣ  дур мешаванд. Тамоми имконоту захираҳои дар ихтиёрбудаи ин мамлакатҳо барои амалисозиии ниятҳои  нек, ки моҳияти бунёдкориву созандагӣ доранд, равона мегардад.  Табиист, ки чунин ҷараён гирифтани вазъият ба манфиати абарқудратҳо набуду нест. Чунки онҳо мехоҳанд, ки мусалмонон таври ҳамешагӣ машғул ба мушкилоти дохилии хеш, ки он низ ба «шарофат»-и абарқудратҳо рӯи кор омадааст, бошанд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ далели возеҳи он аст, ки дар сурати зиёд гардидани таъсири созмонҳои динӣ дар дилхоҳ кишвар рух додани табаддулоти давлатӣ, ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани  мамлакат, нобасомониҳои сиёсӣ, фалаҷ гардидани рукнҳои давлатдорӣ ва дигар омилҳои номатлуб  як падидаи маъмулӣ хоҳад буд. Ибрози ин андешаҳо аз ҷониби банда асоси воқеӣ дорад ва ҳақиқати бебаҳс аст, ки онро бояд эътироф намоем. «Махсусият»-и дигар он аст, ки ин кишварҳо зери «ниқоб»-и арзишҳои демократӣ ҳамон усулҳоеро коркард, омода ва роҳандозӣ мекунанд, ки ба «ҷомаи амал пӯшидан»-и аҳдофашон мусоидат менамоянд. Дар ин сурат  пурра имконпазир аст, ки манфиатҳои  давлатҳои мавриди чунин «таҷоҳум» қароргирифта умуман ба инобат гирифта нашавад. Рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир, ки шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо, дар шакли нав зуҳур намудани гурӯҳҳои ифротгаро ва падидаҳои дигари номатлуб аз ҷузъҳои он мебошанд, далели возеҳи ин гуфта мебошанд.  Биноан, дарки он ки  абарқудратҳо ба кадом  «усул»-ҳо таваҷҷуҳи бештар доранд ва онҳо то кадом андоза мавриди истифода қарор мегиранд,  барои кулли шаҳрвандони мамлакат зарур ва ногузир аст.

Дар робита ба ин, 26 июни соли равон зимни суханронии худ бахшида ба 18 –солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минҷумла таъкид намуд, ки  «Дар ин раванд, яке аз масъалаҳои муҳиму арзишманд аз он иборат аст, ки мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаву фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона фирефта нагардем, мардумро муттаҳид ва суботи сиёсиро боз ҳам устувор гардонем, зеро аз таъсири манфии ҳодисаву таҳаввулоти охир, ки дар онҳо намояндагони даҳҳо кишварҳои дунё иштирок доранд, ягон мамлакат, аз ҷумла Тоҷикистони мо низ, эмин буда наметавонад. Аз ин лиҳоз, ҳар чӣ бештар таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон нақши аввалиндараҷа ва ҳатто сарнавиштсоз пайдо кардааст». Ҳамагон шоҳиди он ҳастем, ки айни замон бархӯрди манфиатҳо дар олам рӯз то рӯз шадидтар шуда, дар сурати аз даст додани зиракии сиёсӣ ба «бозича»-и дасти дигарон табдил ёфтани дилхоҳ давлат ва миллат ногузир аст. Далелу арқоми зиёди тасдиқкунанда мавҷуданд, ки қисмати аъзами падидаҳои номатлуби ҳаёти сиёсии Шарқи Наздик, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Яман, Украина ва дигар нуқоти олам аз «тасмимгирӣ»-ҳои  кишварҳои Аврупо маншаъ гирифтаанд. Боиси таассуф аст, ки аксари ба ном «коршиносони мустақил» ва сиёсатмадорони мо  зимни пешниҳоди шарҳу эзоҳи ин масъала ҳақиқати ҳолро доир ба демократияи Аврупо сарфи назар мекунанд. Хандаовар аст, ки «дар замоне, ки ба маҳ бояд рафт»,  ин нафарон ба ҷойи расонидани ҳақиқати ҳол ба ҳамватанонашон бо  нуктагирӣ ба камбудиҳои ҷузъӣ, ки дар дилхоҳ кишвар мавҷудияташон амри маъмулист, дар  мамлакати худ «аз таги нохун чирк мекобанд». Чунин муносибат зарбулмасали халқие, ки нотавонбин бинобар наёфтани айби дигар, «думи сагатон каҷ» гуфтааст, ба хотир меорад. Мушоҳида намудаам, ки зимни шарҳи масъалаҳои барояшон «зарур» ин «бузургон» ҳатто нафарони марҳумро бо вуҷуди ба кишвари мо умуман рабт надоштанашон, таҳқир намуда, Муаммар Қаззовӣ ва Саддом Ҳусейнро диктатор меноманд. Вале имрӯз, бо гузашти вақти на он қадар зиёд, собит гашт, ки нафарони фавқуззикр ҳамон гунае, аз ҷониби  «баъзе»-ҳо зикр мешавад, набуда, баръакс қурбонии сиёсат ва манфиатҳои абарқудратҳои ҷаҳон шудаанду ин мамлакатҳо (манзурам Ливия, Миср, Ироқ, Украина, Яман ва ғайра мебошанд) на шумори кишварҳои пешрафтаи демократӣ, балки рӯйхати минтақаҳои даргири оламро зиёд намуданд. Хушбахтона, ҳамватанони  мо шаҳди ин гуна «ғамхориҳо»-ро хеле барвақт чашидаанд ва хуб медонанд, ки «чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ».

Қисмати дигари ин «бузургон» ба умеди аз даст надодани грантҳо, даъвати сафарҳои  хориҷӣ, «меҳмоннавозӣ»-ҳо ва ғайра дар хориҷи кишвар дар қиболи «чашмбандӣ»-ҳои  аврупоиҳо «муҳри хомӯшӣ ба лаб задаанд». Ба назар чунин мерасад, ки ин ашхос намедонанд, ки сохторҳои зиддахл ва ташкилоту созмонҳои аз ҷониби кишварҳои мавриди назар маблағгузоримешуда зимни ин амали худ «як гул бидиҳему сад баҳорро бибарем»-ро шиори фаъолият қарор додаанд. Ё ки медонанду вонамуд мекунанд, ки намедонанд. Дар аксари маврид амалкарди мамлакатҳои фавқуззикр мисраъҳои зерро ба хотир меорад:

Воизон, к-ин саҷда бар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд он кори дигар мекунанд.

Дар маҷмӯъ, «махсусият»-ҳои зикршуда «муште аз хирвор» буда, ҳамватанонамонро мебояд, ки дар қиболи онҳо беш аз ҳарвақта зираку ҳушёр бошанд ва танҳо аз зовияи ақлу хирад ва худогоҳиву меҳандӯстӣ хулосабарорӣ намоянд.

Далер Мерганов, «Садои мардум»