Арзҳои дӯстӣ

Хатсайри нави ҳавоии Душанбе — Пекин

№50 (3530) 16.04.2016

IMG_2764Моҳи майи соли 2013 зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой доир ба ҳамкориҳои муштарак як қатор санадҳо ба тасвиб расиданд, ки ифтитоҳи хатсайри мустақим байни  пойтахтҳои ҳар ду давлат аз ҷумлаи онҳо буд.

Дар асоси ин санад 29 октябри соли 2015 байни ширкатҳои ҳавоии «Тоҷик Эйр» ва «Алянси  туристии Синтсзян»- и Ҷумҳурии Халқии Хитой доир ба кушодани хатсайри ҳавоии  мустақими Душанбе — Пекин — Душанбе шартнома ба имзо  расид.

Мувофиқи шартнома, парвози нахустини хатсайри 7J-887 2 майи соли равон сурат мегирад. Парвоз аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе рӯзҳои душанбе соати 1930 дақиқаи вақти маҳаллӣ оғоз ёфта, соати 400 ба вақти Пекин дар фурудгоҳи шаҳри Пекин анҷом меёбад. Муҳлати парвоз 5 соату 20 дақиқа мебошад.

Ҳавопаймои нави Боинг 757- 200, ки махсус барои ин хатсайр пешбинӣ шудааст, бо дастгоҳҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, ҳайати пуртаҷрибаи сарнишинони ҶСК «Тоҷик Эйр» онро идора мекунанд.

Ҳавопаймои мазкур дорои 230 ҷойи  нишаст мебошад. Хоҳишмандон чиптаҳоро метавонанд аз ҶДММ «Тоҷик Чайна Тур» (воқеъ дар  меҳмонхонаи «Тоҷикис­тон») дастрас намоянд.

Дар ин бора намояндаи «Алянси туристии Синтсзян» Динора  Қаландаршоева иттилоъ дод.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»