Парвоз аз Душанбе ба Тошканд баъди 25 сол

№14 (3651) 11.02.2017

Somon-AirҲавопаймои ширкати «Сомон Эйр»-и мамлакат соати 10-и 10-уми  феврали соли равон парвози нахустинро аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон — шаҳри Тошканд бо рейси рақами 225 дар 40-45 дақиқа анҷом дод.

Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ба хабарнигорон гуфт, ҳамроҳи мусофирон, ки 20 нафарро ташкил медоданд, намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ҳайати роҳбарию тиҷоратии «Сомон Эйр» ва рӯзноманигорон низ парвоз карданд.

Вақти бозгашт бо дарназардошти гуфтугӯи мақомоти ҳар ду кишвар соати 18-и ҳамон рӯз бо рейси рақами 226 сурат гирифт.

Бино ба иттилои масъулин, парвозҳо ба пойтахти Ӯзбекистон то анҷоми мавсими зимистон расман аз 20 феврал ҳафтае як бор – рӯзи душанбе ба роҳ монда шуда, дар тобистон ҳафтае ду бор — рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе анҷом дода мешаванд.

Барқарорсозии алоқаи ҳавоӣ миёни Душанбе ва Тошканд баъди мулоқоти сарони ҳар ду давлат, қарори ҷаласаи охири Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки охири моҳи декабри соли 2016 дар Душанбе барпо гашт ва тавофуқи байни вазоратҳои нақлиёти ҳар ду кишвар муяссар шуд.

Ёдрас мешавем, ки ба ин сайрхат Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» расман аз 1-уми феврали соли ҷорӣ фурӯши чиптаҳоро оғоз кард, вагарна  равуои ҳавоӣ дар он соли 1992 қатъ гардида буд.

«Садои мардум»