Тоҷикистон ва Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё

№76 (3556) 14.06.2016

123Бурдҳо ва бохтҳои асосии Тоҷикистон аз узвият ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) кадоманд? Кадом омилҳои муҳимтарин садди роҳи дохилшавии кишварҳо ба ин созмон мешаванд? Матлаби зер кӯшишест ҷиҳати посух ёфтан ба саволҳои марбут ба ин мавзӯъ.

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО). Номаш ба ИИ АвруОсиё – созмони иқтисодие, ки солҳои 2001 – 2014 арзи ҳастӣ дошт, қариб як аст. Россия, Беларус ва Қазоқистон 29 майи соли 2014 Шартнома дар бораи таъсис додани Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) – ро ба имзо расониданд ва аз 1 январи соли 2015 ин созмон ба фаъолият оғоз кард. Дуюми январи соли 2015 Арманистон ва 12 августи соли 2015 Қирғизистон низ ба ИИАО дохил шуданд, яъне, сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон акнун марзи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё маҳсуб меёбад. ИИАО шакле аз ҳамгироиҳои (интегратсияи) тиҷоратию иқтисодист, ки барои кишварҳои аъзо ҳудуди ягонаи гумрукиро бе пардохти боҷи гумрукӣ ва маҳдудиятҳои дигари иқтисодӣ муқаррар мекунад.

Кишварҳои аъзои ИИАО дар муомила бо мамолики дигар аз тарофаҳо ва тадбирҳои ҷудогона кор мегиранд. Мақомоти роҳбарӣ – Шӯрои олии ИИАО ва Комиссияи иқтисодии ИИАО. Забонҳои расмӣ – арманӣ, беларусӣ, қазоқӣ, қирғизӣ ва русӣ. Роҳбарони давлатҳои аъзои ИИАО борҳо изҳор доштаанд, ки дари ин созмон барои ба он дохил шудани давлатҳои дигар, қабл аз ҳама кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, боз аст.

- Албатта, созмонҳои иқтисодӣ маънии интегратсия, ҳамкориҳои бештари иқтисодию тиҷоратиро доранд. Аз нигоҳи интегратсия дохилшавии кишварҳо, бавижа давлатҳои пасошӯравӣ, ба ин созмон лоиқи истиқбол аст, зеро робитаҳои иқтисодӣ қавитар мегарданд. Аммо дар бораи мукаммалии созмон сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст. Мо ҳоло наметавонем бе омӯзиши дақиқ ба он яктарафа – мусбат ё манфӣ баҳогузорӣ намоем. Камбудиҳои сохтории созмонро Қазоқистон ва Беларус хубтар дарк мекунанд. Моро зарур меояд, ки пеш аз дохил шудан суду зиёни худро ботаҳаммул дар тарозуи таҳқиқ баркашем, нозукиҳо, паҳлуҳои гуногуни бурду бохтамонро дақиқ омӯзем, — гуфт зимни суҳбат Сайфулло Сафаров, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҳақиқат, таҳлили фаъолияти беш аз яксолаи кишварҳои аъзои созмон баъзе ҷиҳатҳои мусбат ва манфии узвият ба иттиҳодро нишон дод. Аз кишварҳое, ки музди кор пасттар аст, истеъдодҳо – неруҳои зеҳнӣ, мутахассисони варзида ба сӯи ҷойи кори сердаромад мешитобанд, зеро ба кадрҳои баландихтисос ҳамеша, ҳатто дар давлатҳои мутараққӣ, талабу эҳтиёҷ зиёд аст. Яъне, дороии баъзе давлатҳо (ин қобилиятҳо, ҳароина, дороии кишваранд) ва пояҳои иқтисоди миллии онҳо коҳиш меёбанд.

- Ба андешаи мо, — ақида дорад муовини директори Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Аброр Мирсаидов, Тоҷикистон аз дохилшавӣ ба ин созмон се фоидаи асосӣ мегирад:

1. Боҷи гумрукӣ коҳиш меёбад. Ба ҳама маълум аст, ки қисмати зиёди моли воридотии Тоҷикистон аз Россия аст. Соли 2015 бори аз Россия воридшуда 27,6 фоизи ҳаҷми умумии гардиши савдои берунии воридотии мамлакатро ташкил дод. Чил фоизи воридоти маҳсулоти нафтӣ низ аз Россия аст. Яъне, аз ин ҳисоб ба Буҷети давлат маблағи муайян ворид мегардад, ки ба рушди иқтисодии кишвар мусоидат карда метавонад.

2. Тоҷикистон дорои захираҳои ғании меҳнатист. Яъне, вазъи муҳоҷирони кории тоҷик беҳтар мешавад, баъзе монеаҳо аз байн мераванд ва ҳаҷми воридоти асъор ба мамлакат меафзояд. Соли гузашта, мутаассифона, бар асари таҳримоти ҷоришуда алайҳи Россия, ҳамчунин буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, интиқоли маблағи муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон то 38 фоиз коҳиш ёфт. Ин ба рушди кори хоҷагиҳои деҳқонӣ ва даромади оилаҳо бетаъсир буда наметавонад.

3. Маблағгузории мустақими кишварҳои аъзои созмон ба Тоҷикистон афзоиш меёбад, зеро Россия, Беларус ва Қазоқис­тон донорҳои сармоягузори Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. Гардиши сармоя барои рушди иқтисодии мамлакат созгор аст.

Воқеан, дар ҳошияи суханони иқтисоддон Аброр Мирсаидов барои маълумот ёдрас месозем, ки дар ҳашт моҳи узвияти Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодӣ сармоягузории Беларус ба ин кишвар 45 маротиба афзудааст.

Доктори илмҳои иқтисодӣ Ҳайдар Раҳматов мутмаин аст, ки дар сурати дохил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бар иловаи мушкилоти муҳоҷират, ҳамчунин, масъалаи омодасозии касбии ҷавонон то андозае ҳаллу фасл, дохилшавии довталабони тоҷик ба муассисаҳои таълими касбии Россия ва Беларус осонтар, дар робита ба ин талабот ба мутахассисони кишвари мо дар бозори меҳнат зиёд мешавад.

Аз созмону иттиҳодияҳои иқтисодӣ кишварҳои аъзо суд мебардоранд. Аммо дар баробари манфиатҳо, ваҷҳҳои манфии масъаларо низ набояд аз мадди назар дур андозем. Ба андешаи иқтисоддонҳо, бисёр созишномаҳои манфиатбори иқтисодию тиҷоратӣ, ки Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷии дуру наздик бастааст, эҳтимол таҳрирталаб шаванд. Масалан, барномаи CASA – 1000 шоҳроҳи имконоти бузурги содиротӣ барои Тоҷикистон аст. Бо амалисозии ин барнома (марҳилаи татбиқи амалии он оғоз гардидааст) неруи барқ дар қатори маҳсулоти алюминий ва пахтагӣ ба моли асосии содиротии кишвар табдил меёбад. Аммо дар сурати узвият шояд ризоияти аъзои дигари ИИАО — ро ба назар гирифтан даркор шавад.

Чин ҳоло яке аз сармоягузорони асосии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ду давлатро риштаҳои зиёди ҳамкорӣ мепайванданд. Дар мамлакат садҳо корхонаҳои муштарак дар бахшҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва ғайра фаъолият мекунанд. Ҳоло гуфтугузор оид ба вусъат бахшидани шаклҳои нави интегратсия дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) идома дорад. Яъне, агар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар доираи СҲШ амал намояд, Тоҷикистон аз узвият ба он манфиати бештар дарёфта метавонад. Таъсиси як иттиҳоди амалкунандаи иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи СҲШ эҳтимол зарурати фаъолияти ИИАО — ро низ аз байн барад.

Аксари коршиносон бар онанд, ки масъала ҷиҳати бисёр нозук ҳам дорад. Яъне, ҳоло иттиҳодияҳои (созмонҳои) зиё­ди ба ном «иқтисодӣ» мавҷуданд, ки дар онҳо на қонунҳои иқтисодӣ, балки сиёсат нақши калидиро дорост. Алъон раванди тақсимоти ҳудудию иқтисодии ҷаҳон, минтақаҳои таҳти таъсири (ё назорати) абарқудратҳо, авлавияти манфиатҳои бологиранда (ё диктатурӣ) ва бозиҳои гуногуни геополитикӣ идома доранд, ки муносибат ба онҳо ҳассосият ва зиракии хоси сиёсиро тақозо менамояд. Иттиҳодияҳои ба ном иқтисодие низ мавҷуданд, ки дар онҳо фишанги иқтисодии абарқудратҳо барои бароварда сохтани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешаванд. Бархе аз роҳбарони олимартабаи давлатҳои мухолифи ИИАО таъсиси онро «кӯшиши эҳёи иттиҳоди сиёсие монанд ба собиқ Иттифоқи Шӯравии тоталитарӣ» медонанд. Кишварҳои дигари пасошӯравӣ низ барои дохил шудан ба Иттиҳоди иқтисодӣ он қадар талоши назаррас надоранд.Ғайр аз ин, баъзе ихтилофҳои дохилии кишварҳои аъзо низ ба мушоҳида мерасанд.

Омили дигари хеле муҳим ин аст, ки Тоҷикистон дар натиҷаи талоши зиёду пайгирона солҳои охир ба рушди босуботи саноат ноил гардидааст. Дар сурати узвият ба Иттиҳоди иқтисодӣ хавфи (эҳтимоли) аз мамлакат шуста шудани ашёи хоми саноатӣ вуҷуд дорад. Дар сурате ки ашёи хом бе коркард ба фурӯш меравад ва мардум ба он ҳавасманд мешавад, хавфи ҷиддии дубора ба кишвари аграрӣ – манбаи ашёи хоми саноатӣ табдил ёфтан ба миён меояд. Фарҳанги соҳибкории мо ҳанӯз ба он поя нарасидааст, ки манфиати бузурги оянда, фоидаи мардум, кишвар, ватанро бар фоидаи дурӯзаю дусола тарҷеҳ диҳем, боло гузорем. Фарҳанги соҳибкории мо ба эҳсоси бузурги ватандӯстӣ хуб наомехтааст. Яъне, ба Тоҷикистон хавфи дубора мубаддал гардидан ба манбаи ашёи хоми кишварҳои рушдкардаи саноатӣ низ таҳдид мекунад.

Хулоса, мо қабл аз дохил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бояд суду зиёни худро ба тарозуи таҳқиқ баркашем. Масъала бояд аз ҷониби иқтисоддонҳо, сиёсатмадорон, ҷомеашиносон – донишмандони варзидаи мамлакат амиқу дақиқ омӯхта шавад. Дар ҳама ҳол, манфиатҳои миллӣ бояд ҳатман маҳаки асосӣ ва бологиранда бошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки Тоҷикистон ҷонибдор ва пиёдакунандаи сиёсати «дарҳои кушода» аст. Мо ҷонибдори густариши робитаҳои дӯстона, накуҳамсоягӣ ва суд­манди мутақобила бо давлатҳои дуру наздикем.

 Сайвалӣ Азиз, рӯзноманигор