Шамъи хотира

Накуном монд

№133 (3279) 13.11.2014

Зиндаю ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро.

Ин мисраъҳо ба ҳолномаи ягона Лауреати мукофоти давлатии СССР аз ноҳияи Муъминобод, Механизатори хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон, дорандаи орденҳои «Нишони Фахрӣ» ва «Байрақи Сурхи Меҳнат» шодравон Сангаҳмад Набиев комилан мувофиқанд.

Сангаҳмад Набиев соли 1937 дар деҳаи Тутқавули ноҳияи Муъминобод, дар оилаи деҳқон чашм ба олам кушодааст. Овони ширини бачагиаш чун дигар ҳамсолонаш дар зодгоҳаш гузашт.

Падараш шахси соҳибилм буд ва ҳуруфоти арабиро хуб хонда метавонист. Ӯ овози ширину ҷозибадор дошт ва бо сурудани ғазалу шеърҳои халқӣ дили мардумро тасхир мекард.

Сангаҳмад Набиев баъди бо баҳои хубу аъло мактаби миёнаро хатм кардан ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино супорида, бе мушкилӣ дохил мешавад. Мутаассифона, бо сабаби шароити душвори зиндагӣ таҳсилро идома дода наметавонад. Сипас, ба Омӯзишгоҳи касбии техникии шаҳри Қӯрғонтеппа дохил шуда, онро бомуваффақият хатм намуда, бо роҳхат ба ноҳияи Муъминобод ба ҳайси экскаваторчӣ ба кор меояд. Дар муддати 35 соли кориаш тавассути меҳнатдӯстӣ ва хоксорӣ дар ноҳия ба некӣ ном бароварда, борҳо бо ифтихорномаву ордену медалҳо сарфароз шуда, соҳиби унвони пуршарафи давр — Лауреати мукофоти давлатии СССР гардид.

Дар паҳлуи деҳаи Тутқавул обанбори калони ноҳия воқеъ аст, ки заминҳои корами атрофи деҳа аз он обёрӣ мешавад. Мардуми деҳа, ки ба картошкапарварӣ машғуланд, ҳар сол ҳосили фаровон ба даст меоранд.

Обанбори мазкур соли 1959 сохта ба истифода дода шудааст, ки Сангаҳмад Набиев ҳамчун механизатор дар сохтмони он саҳми босазо гузоштааст. Ӯ ончунон дилдодаи кор буд, ки ҳатто рӯзҳои истироҳатӣ ҳам аз меҳнат дур набуд. Он вақт ноҳия ҳамагӣ ду экскаватор дошт ва бунёду тоза намудани каналу ҷӯйборҳои обрасонӣ, ҷӯю заҳбурҳо ва пешгирии омадани хатари сел ба зиммаи онҳо буд.

Ин марди шариф дар таълиму тарбияи насли наврас низ саҳми босазое гузоштааст. Дар назди ҳавлиаш барои наберагону аберагонаш боғчае бунёд кард, ки то ҳол аз он истифода мекунанд. Доимо дастгиру кумакрасони ҳамдеҳагон, шарики ғаму шодии онҳо буд.

Итминон дорем, ки номи чунин некмардон ҷовид мемонад, зеро зиндагиномааш дарси ибрати фарзандон, наберагону аберагон ва ҳамдеҳагон аст.

Одинаҳмад НАБИЕВ, хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Муъминобод