Мавзӯъ барои андеша

Занҳо ҷинси латифанд, аммо…

№24-25 (3325-3326) 20.02.2015

Аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Ёвон дастгир шудани зан ҳамчун гумонбар барои  ғайриқонунӣ маҳрум  сохтан аз озодӣ ва азобу шиканҷаи як духтар, суҳбатеро чанд сол қабл бо маҳбусе, ки дар муассисаи  ислоҳии занона  адои ҷазо менамуд, карда будам, ба ёдам овард.

Ӯ зани дар тиҷорат муваффақ будааст. Бо маблағи зиёде тиҷорати худро мегардонд ва фоидаи калон ба даст меовард. То лаҳзае, ки бо як марди чун худаш  корчаллон шиносоӣ пайдо намуд. Зан, ки бештар ба хориҷа сафар мекард, дар гурӯҳи тоҷирон бо ин мард шинос мешавад. Ӯ ба чунин мард ниёз дошт, то дар тиҷораташ кумак расонад. Ин ҳамкорӣ робитаи онҳоро наздик кард, мард ба боварии зан даромада, аз пайи иҷрои нақшаи қаблан кашидааш  шуд. Гӯё бори калоне мехарида бошад, аз зан пул қарз гирифт, албатта, бо ваъдаи дар муҳлати муайян баргардонидан ва додани забонхат барои қарзи гирифтааш. Зан бе дудилагӣ ва шубҳа маблағи калон  дод.

Муҳлат ба охир расид, аммо мард бо баҳонаи зиёд қарзро  барнамегардонд. Зан фаҳмид, бо кӣ сарукор дорад ва тасмим гирифт, ки ин қаллобро таври худ муҷозот намояд.

Бо роҳи фиреб ӯро ба меҳмонӣ даъват намуд. Вақте қарздораш омад, зан бо кумаки ду- се мард, ки қаблан онҳоро тайёр карда буд, ӯро дар таҳхона маҳкам кард. Чанд муддат ӯ гаравгони зан шуд. Мард бо ваъдаи бардурӯғ занро бовар  кунонд, ки агар ӯро озод кунад, қарзашро бармегардонад.

Вале ба милитсия рафта, аз тарафи зан гаравгон гирифта шуданашро шикоят кард. Барои ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани шахс, ки амали ҷиноятӣ маҳсуб меёбад, зан ҳукм гирифт.

Аз ӯ пурсида будам, ки чаро ба мақомоти дахлдор муроҷиат накарда, худсарона  мардро ҷазо додан хост? Зан дар ҷавоб гуфт, ки медонистам ин амалам ғайриқонунӣ буд, аммо хостам худам адабашро диҳам.

Амали шаҳрванд Миҷгона Латипова аз ноҳияи Ёвон низ шабеҳи ин зан мебошад. Мавсуф сокини ҳамин ноҳия Ш. Юсуфоваро аз хусумати шахсӣ ба хонааш  оварда, латукӯб менамояд. Бо қайчӣ мӯйи сар ва бо алмос абрӯи ӯро тарошида, лабу биниашро бо қайчӣ бурида, муддати се-чор  соат озор медиҳад.

Бо ин қонеъ нашуда, ӯро ба хонаи Гулдаста Самадова мебарад. Онҳо якҷоя ин духтарро бо роҳи зӯроварӣ зиёда аз ду шабонарӯз аз озодӣ маҳрум сохтаанд.

Гумонбаршудагон сабаби ин ҳодисаро дар дуздӣ намудани 100 сомонӣ аз ҷониби ҷабрдида Ш.Юсуфова маънидод менамоянд. Хостанд бе муроҷиат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро таври худ ҷазо диҳанд. Бо дахолати кормандони милитсия баъди ду шабонарӯз духтар аз  асорати онҳо озод мешавад.

Ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки хурдтарин амали ҷиноӣ, аз ҷумла дуздии амволи ғайр, дар назди қонун ҷавобгарӣ дорад. Мумкин буд барои содири ин амали дуздӣ ба мақомоти милитсия муроҷиат намуд, на худсарона  тарошидани мӯю абрӯ ва буридани  лабу бинӣ.

Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 117 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.

Баъзан занон ба амалҳои ҷиноие даст мезананд, ки ба ақли солим рост намеояд. Сокини шаҳри Душанбе М.Турсунова аз назди маркази  савдои «Садбарг» мошини тамғаи «Опел- Астра»- ро  таги чашм намуд. Фурсати муносиб ёфта, ба паси рули ин мошин нишаст. Аммо онро дур бурда натавонист, зеро моли бегона буд. Кормандони милитсия мошинро ба соҳибаш баргардонданду  мошинраборо ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурданд.

Дар паси рули мошин нишастани занону духтарон ҳоло падидаи муқаррарӣ шудааст. Ин гуна ҳуқуқро онҳо комилан соҳибанд, аммо зарур аст, ки моли бегонаро аз худӣ фарқ намоянд. Дар акси ҳол барои тасарруфи амволи ғайр, ки дуздӣ ном дорад, ҷазо дода мешавад.

Нисбати далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот  идома дорад.

Занҳо ҷинси латиф маҳсуб ёфта, назокату латофат, ҳусну ҷамоли онҳоро васф менамоянд, аммо қисме аз онҳо дар қаллобию дуздиии амволи ғайр аз мардон қафо монданӣ нестанд. Бо дастони чун гул нозуку нигоҳҳои дилфиреби худ  амалҳои ғайриодие содир менамоянд, ки  аз нафосату назокат дур буда, ба ҷиноят қаробат доранд. Ин зуҳуротро чӣ омилҳо боис бошанд: таъсири беруна, костагии тарбия ё ҳолати рӯҳию равонӣ?

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»