Аз нишастҳои матбуотӣ

4 лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ мегардад

№27 (4610) 20.02.2023

Сайёхи (9)Дар нишасти матбуотие, ки 10-уми феврали соли 2023 дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, раиси он Камолиддин Муминзод зикр кард, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида буд.

Қобили зикр аст, ки ин ибтикор натиҷаҳои назаррас ба бор овард. Ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, соли 2022-юм 91 чорабинии миллию байналмилалӣ баргузор гардид. Натиҷаи ин чорабиниҳо буд, ки соли гузашта 999,3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд, ки ин нисбат ба соли 2021 — ум 3, 4 маротиба зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ барои рушди соҳа чор лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ мегардад. Инҳо лоиҳаҳои «Рушди сайёҳӣ», аз ҷониби Бонки осиёии рушд ба маблағи 10 миллион доллари ИМА, «Рушди иқтисодиёти деҳот» аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 15 миллиону 750 ҳазор доллар, «Баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар соҳаҳои сайёҳиву саноати бофандагӣ ва мусоидат ба ҷалби сармоягузорӣ» аз ҷониби Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ба маблағи 2 миллиону 750 доллар ва лоиҳаи хурд аз ҷониби Дафтари агентӣ оид ба ҳамкории техникӣ ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи як миллиону 111 ҳазор евро мебошанд.

Масъулин иттилоъ доданд, ки дар 5 соли охир 600 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ ба истифода дода шуд, ки дар онҳо 242 ширкати хориҷӣ фаъолият мекунанд

- Тоҷикистон осорхонаи бузурги сайёҳист. Кормандони кумита тасмим гирифтаанд, ки дар заминаи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон ҷиҳати бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, рушди сайёҳии экологию табобатӣ ва кӯҳнавардӣ, боло бурдани мавқеи байналмилалии кишвар дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ ва ташаккули бренди миллии сайёҳӣ беш аз пеш тадбир андешид, — гуфт Камолиддин Муминзод.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»