Аз нишастҳои матбуотӣ

462 хоҷагӣ бояд ба ҷои бехавф кӯчанд

№86 (4192) 16.07.2020

DSC_0037Тибқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» ва «Барномаи давлатии омӯзиш ва арзёбии захираҳои металлҳои нодир барои солҳои 2016-2026», Саридораи геология омӯзиши геологиро бо истифода аз маблағи буҷет аз рӯи 22 лоиҳа ба маблағи 4 769 327 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология ба анҷом расонид, — гуфт 15 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ сардори он Илҳомҷон Оймаҳмадзода.

Дар соли равон корхонаҳои зерсохтори Саридора корҳои зерин, аз қабили пармакунии чоҳҳо-5215,8м.т, кофтани хандақҳо-3101,68м3, шурфҳо 114 м.т, нақбҳо 103 м.т., ҳуҷҷатгузории нақбҳо 1669 м.т, гузаштани буришҳои механикӣ 4187м3, сохтмони роҳ ва майдончаҳо-34799м3 иҷро намуданд. Дар озмоишгоҳи Саридора 9123 маҳак коркард шудааст.

-Тибқи лоиҳаи «Хадамоти давлатии мушоҳидаи равандҳои экзогенӣ — геологӣ дар Тоҷикис­тон», дар 117 деҳа ва 2 шаҳраки вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тадқиқоти муҳандисӣ — геологӣ гузаронида, ба 462 хоҷагӣ барои ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан тавсия дода шуд, — иброз дошт номбурда.

Бино ба гуфти ӯ, дар давраи зикршуда бо 17 ширкат қарордоди истифодаи қаъри замин, ки дар онҳо бонуси обунавӣ 995 650,0 сомонӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ 7 411,17 сомониро ташкил медиҳад, ба имзо расид.

Ш. АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»