52 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд

№16 (4756) 02.02.2024

КУХКОРИ30-юми январи соли 2024 зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Раҳим Санъат иброз намуд, ки соли 2023 хадамот дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 225 назорати техникӣ гузаронда, 2270 вайронкуниҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор кард.

Ҳамзамон, номбурда иттилоъ дод, ки соли 2023 дар корхонаю объектҳои зериназоратии хадамот 52 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 36 нафар ҳалок ва 34 кас ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошаанд.

- Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо мутахассисони хадамот дар корхонаҳои саноатӣ, истеҳсолию хизматрасонӣ ва корхонаҳои кӯҳкорӣ вохӯрию машварат гузаронда, барои дар амал татбиқ кардани қонуну қоидаҳои бехатарӣ маслиҳатҳои муфид медиҳанд, — зикр кард ӯ.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

«Садои мардум»