Аз нишастҳои матбуотӣ

87 омӯзгор аз такмили ихтисос гузаштанд

№19 (4759) 09.02.2024

FB_IMG_16753220858262-юми феврал дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нишас­ти матбуотӣ доир гардид. Ректори донишгоҳ Дилшод Раҳмон қайд кард, ки соли гузашта дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» Фазлиддин Одинаев, корманди бахши фарҳанги донишгоҳ, соҳиби шоҳҷоиза ва 50 ҳазор сомонӣ ва Моҳбибӣ Қаландарбекова, донишҷӯи соли 4-уми факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг, сазовори диплом гардиданд.

Инчунин, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» 9 устоду донишҷӯи донишгоҳ иштирок намуда, 2 нафар — Азизмад Мадасанӣ, магистранти курси якуми ихтисоси география, сазовори ҷойи якум ва Насиба Мирзозода, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси география, сазовори ҷойи дуюм шуданд.

Бо фармоиши ректори донишгоҳ донишҷӯён, магистрантон ва докторантоне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд, қадршиносӣ гардиданд.

Соли 2023 омӯзгор Низомиддин Комилов дар 8-умин Озмуни байналмилалии «Беҳтарин олимони ҷавони ИДМ — 2023» иштирок намуда, бо медал ва диплом сарфароз гардид.

Хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» аз роҳбарияти донишгоҳ пурсон шуд, ки соли гузашта чанд омӯзгори донишгоҳ аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд? «Дар доираи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии педагогии Алтайи Федератсияи Россия 5 маротиба намояндагони донишгоҳи мазкур ташриф оварданд. Дар ин замина 87 омӯзгори ихтисосҳои забони русӣ, психология, математика ва физика аз курси такмили ихтисос гузаштанд ва соҳиби диплом гардиданд», — иттилоъ дод ректор.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»