Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳамкорӣ бо 125 донишгоҳ

№16 (4756) 02.02.2024

ОСИМИРектори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ Қудрат Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ 30-юми январ, аз ҷумла, иттилоъ дод, ки дар донишгоҳ панҷ шурои диссертатсионӣ фаъолият менамояд, ки фарогири 13 ихтисоси PhD ва 13 ихтисоси илмии анъанавӣ мебошанд. Дар маҷмӯъ, соли 2023-юм 22 устоди донишгоҳ рисолаҳои илмиро ҳимоя намуданд, ки аз онҳо 21 рисолаи номзадӣ ва 1 рисолаи докторӣ мебошанд.

 - Соли 2023 донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм — фурӯғи маърифат» фаъолона иштирок намуда, 7 нафари онҳо ҷойҳои якум ва дуюмро ишғол намуданд, — зикр кард Қ. Давлатзода.

 Дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони донишгоҳ 1976 нафарро ташкил медиҳад, ки 71 нафарашон соҳиби дипломи аъло гаштаанд.

 Донишгоҳ ҳамкориҳои байналмилалии худро ривоҷ дода, дар маҷмӯъ, бо 125 донишгоҳ ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ дорад.

 Соли таҳсили 2023-2024 ба донишгоҳ 102 донишҷӯи хориҷӣ аз кишварҳои Ӯзбекистон, Россия, Афғонистон, Чин, Туркманистон ва Қатар дар зинаҳои гуногун ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

 «Садои мардум»