Аз нишастҳои матбуотӣ

Қарзҳо — садди роҳи пешравиҳо

№27 (4610) 20.02.2023

Барки Точик (2)Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Маҳмадумар Асозода дар нишасти матбуотӣ, ки 12-уми феврали соли 2023 баргузор шуд, аз бидуни қарз корро шурӯъ кардани ширкатҳои дар заминаи «Барқи Тоҷик» таъсисёфта (ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ») мужда расонд. Ӯ зикр кард, ки ба ҳамаи қарзҳои то соли 2021 бавуҷудомада «Барқи Тоҷик» масъул аст. Айни замон қарздории ШСХК «Барқи Тоҷик» 28 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Ширкат, аз ҷумла дар назди НБО-ҳои «Сангтӯда-2», «Сангтӯда-1», «Роғун», ҶСК «Ориёнбонк» қарздор мебошад. Қарзҳо ба Вазорати молия (Ҳукумат) 23,6 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии қарз (қарзҳои дебиторӣ) дар ду сол 534 миллион сомонӣ (52 миллион доллар)-ро ташкил додааст.

Бо мақсади беҳтар кардани таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ ШСХК «Барқи Тоҷик» соли гузашта 4 миллиарду 881,6 миллион кВт/соат неруи барқ харид. Хариди неруи барқ асосан аз неругоҳҳои барқии обии «Сангтӯда — 1», «Сангтӯда — 2» ва «Роғун» мебошад.

Соли сипаришуда ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ, дар маҷмӯъ, 16 миллиарду 293 миллион кВт/соатро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли қаблӣ 367,7 миллион кВт/соат бештар мебошад.

Аз ҷумлаи қарздорони ШСХК «Барқи Тоҷик» «Ширкати алюминийи тоҷик» (ТАЛКО) (487 миллион сомонӣ), Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (460 миллион сомонӣ), ҳамчунин, аҳолӣ (139 миллион сомонӣ) ва истеъмолгарони маишӣ (1,5 миллиард сомонӣ) маҳсуб меёбанд. Қарзи умумии ҳамаи истеъмолгарон бошад, дар давоми солҳо қариб 3,7 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»