Аз нишастҳои матбуотӣ

Аз тариқи «Антиплагиат» 2000 рисолаи хатм ташхис шуд

№86 (4192) 16.07.2020

ректор3Нимсолаи аввали соли 2020 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади муназзам гардонидани корҳои илмӣ, таълимию тарбиявӣ ва ташкилию сохторӣ як силсила тадбир андешида шуд. Пеш аз ҳама, ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда дар ин самт аз ҷониби мутахассисони соҳа омода ва дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон баррасӣ шуданд, — зикр намуд ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотие, ки 15 июли соли 2020 баргузор гардид.

Алҳол дар  118 кафедраи донишгоҳ 1585 омӯзгор, аз ҷумла, 13 академик, 14 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 179 доктори илм, 512 номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд. Имсол тавассути барномаи «Антиплагиат» беш аз 2000 рисолаи хатмкунандагон  аз санҷиш гузаронида, барои дифоъ тавсия шуд.

Омӯзгорони донишгоҳ дар шӯроҳои диссертатсионии Федератсияи Россия18 рисолаи номзадӣ, шӯроҳои диссертатсионии ватанӣ 7 рисолаи докторӣ, 30 рисолаи номзадӣ ва 2 рисолаи доктор PhD дифоъ карданд.

Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020 — 2040» аз рӯи 7 самти илм -  математика, физика, астрономия, химия, геология, биология ва технологияҳои иттилоотӣ олимпиада баргузор гардид. Дар он дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо гирифтани чор ҷои аввал ва ду ҷои дуюм сазовори «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» гардид, — изҳор дошт Қобилҷон Хушвахтзода.

Абдухолиқ  МИРЗОЗОДА, «Садои мардум»