Аз нишастҳои матбуотӣ

Ба рушди боғу токпарварӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад

№8 (3645) 26.01.2017

ПРЕСконфр. Турс-да- Бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №АП- 681 аз 24 феврали соли 2016 барои муайян кардани беҳтарин вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ эълон гардид, ки дар ҷамъбаст шаҳри Турсунзода соҳиби ҷойи аввал ва деҳаи Сомониёни шаҳр беҳтарин дониста шуданд. Ин аз масъулиятшиносӣ ва меҳнатдӯстии мардум дарак медиҳад, — гуфт раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода дар  нишасти матбуотӣ, ки 20 январи соли ҷорӣ баргузор гардид.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати иҷрои қисми даромади буҷет, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва ҷуброн­пулиҳо дар соли 2016 чораҳои зарурӣ андешид.

Зикр гардид, ки нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба 96,7 фоиз ва  қисми хароҷоти он ба 98 фоиз расонида шуд. Ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли гузашта 552,7 миллион сомониро ташкил дод. Аз ҳисоби соҳибкорон бахшида ба ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ 11 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин давра дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба маб­лағи 471 миллиону 90 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд. Аз ҷумла, ғалладона — 45042, сабзавот — 66477,9, картошка — 6840, пиёз — 31669,2, маҳсулоти полезӣ 16221,9 тонна ҷамъоварӣ гардид. Бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №9458 (28-2) аз 18 августи соли 2015 ҷиҳати рушди боғу токпарварӣ дар заминҳои  лалмӣ ва талу теппаҳо ва тибқи «Барномаи рушди соҳаи боғу  токпарварӣ барои солҳои 2016- 2020» бунёди 780 гектар боғу токзор ба нақша гирифта шудааст.

Соли гузашта дар  хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр 114,3 гектар боғу токзор бунёд гардид, ки 73,98 гектарашро токзор, 34,3 гектарро боғ ва 3 гектарро боғи интенсивӣ ташкил медиҳад.

Сиҷоуддин Саломзода, ҳамчунин, қайд кард, ки тибқи нақшаи генералӣ то соли 2035 ба масоҳати умумии шаҳри Турсунзода боз 537 гектар илова мешавад, ки дар маҷмӯъ 1413 гектарро ташкил хоҳад дод. Дар шаҳр бунёди Парчами  миллӣ бо баландии 70 метр, Нишони миллӣ бо баландии 50 метр ва боғи фарҳангӣ- фароғатии Мирзо Турсунзода ба нақша гирифта шудааст.

 Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»