Аз нишастҳои матбуотӣ

Чаро нархи гази моеъ гарон шуд?

№86 (4192) 16.07.2020

DSC_0050Дар нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15 июли соли равон баргузор шуд, рӯзноманигорон бештар ба гароншавии нархи гази моеъ, орд ва доруворӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Сардори хадамот Абдулмаҷид Мубин изҳор дошт, ки дар нимсолаи аввали соли 2020-ум 15 субъекти хоҷагидор ба воридоти гази моеъ машғул буданд. Дар ин давра ба кишвар 227 177,38 тонна гази моеъ бо нархи миёнаи 391 доллари ИМА барои ҳар тонна ворид шудааст. Бино ба гуфти ӯ, нархи миёнаи он аз 453 доллари  ИМА дар моҳи январ то 214 доллар дар моҳи июн коҳиш ёфта,  аз моҳи июл тамоюли афзоишро касб кард.  Номбурда изҳор дошт, ки нархи гази моеъ зери назорат буда, дар сурати то 20 дарсад давоми як моҳ беасос баланд шудани он  зери танзими давлатӣ қарор дода мешавад ва яке аз сабабҳои гароншавии нархи гази моеъро дар баланд шудани арзиши он дар давлатҳои истихроҷкунанда  арзёбӣ намуд.

Гароншавии нархи ордро низ масъулин ба афзудани қимати он дар кишварҳои истеҳсолкунандаи ғалла рабт доданд. Иттилоъ дода шуд, ки ба кишвар 498 ҳазор тонна гандум ва 47,52 ҳазор тонна орд ворид шудааст, ки нисбат ба як соли пеш воридоти гандум 49,1 ҳазор тонна кам ва воридоти орд 22,6 ҳазор тонна зиёд шудааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»