Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар Данғара бунёди 179 иншооти ҷашнӣ дар назар аст

№25 (4608) 15.02.2023

ДАНГАРА- Дар ноҳияи Данғара бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон корҳои ободонӣ идома доранд. Тибқи нақшаи тасдиқшуда, 179 иншооти таъиноти гуногун сохта мешавад, -  иттилоъ дод дар ин бора муовини раиси ноҳия Садриддин Сайдализода 8 — уми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ.

Бо ҷалби соҳибкорон эъмори 23 корхонаи хурду бузурги саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки соли гузашта 7 корхона бо таъсиси 1152 ҷойи кори доимӣ мавриди истифода қарор гирифт. Маълум гардид, ки ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ 17 километр роҳҳои маҳаллии ноҳия мумфарш гардидааст.

Айни замон дар ноҳия Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» фаъо­лият менамояд, ки дар он 35 субъекти хоҷагидорӣ ба қайд гирифта шуда, 12 — тои он фаъолияти истеҳсолӣ доранд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо ба 73 миллион сомонӣ баробар гардид.

Иҷрои нақшаи андоз 101,3 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 200,1 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 2,5 миллион сомонӣ зиёд ва дар қиёс ба соли 2021 – ум 14,1 миллион сомонӣ бештар мебошад. Бо мақсади дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ соли 2022 аз ҷониби Нозироти андози ноҳия 34 соҳибкор тибқи шаҳодатнома, 131 нафар тибқи патент, 11 шахси ҳуқуқӣ ва 39 хоҷагии деҳқонӣ ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта шуданд.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2022 ба 1,8 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021 — ум 82,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бино ба иттилои номбурда, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ноҳия 38 ҳазору 770 гектар кишти зироати кишоварзиро ба роҳ монданд, ки аз ин 27 ҳазору 583 гектар ғалладона ва лӯбиёгӣ, 746 гектар картошка, 1280 гектар сабзавот (аз он 294,3 гектар пиёз), 4850 гектар пахта, 1245 гектар полезӣ ва 1746 гектар хӯроки чорво мебошад.

- Дар ин муддат 102 ҳазору 891 тонна ғалладонагӣ, 13 ҳазору 970 тонна картошка, 57 ҳазору 985 тонна сабзавот, 52 ҳазору 189 тонна полезӣ, 29 ҳазору 916 тонна мева, 15 ҳазору 885 тонна ангур, 19 ҳазору 384 тонна гӯшт, 22 ҳазору 858 тонна шир, 44 тонна моҳӣ, 3,1 тонна пилла, 74 тонна асал ва 7,3 миллион дона тухм истеҳсол шуда, афзоиш нисбат ба соли 2021 – ум 39 фоиз мебошад, — гуфт Садриддин Сайдализода.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»