Аз нишастҳои матбуотӣ

ДДБ ба номи Носири Хусрав. Хобгоҳи донишҷӯён сохта мешавад, агар…

№22 (4605) 08.02.2023

Сайфиддин Давлатзода (1)Ба суоли хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» перомуни бо хобгоҳ таъмин кардани донишҷӯён ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайфиддин Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 3-юми феврали соли равон баргузор гардид, чунин посух дод:

- Масъалаи таъмини донишҷӯён бо хобгоҳ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ қарор дорад. Таҳия ва тасвиби санаду ҳуҷҷатҳои лозимӣ ҷиҳати сохтмони бинои ҳафтошёнаи хобгоҳ барои донишҷӯён ва бинои нуҳошёнаи манзили истиқоматӣ барои омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ дар баррасии ниҳодҳои дахлдори ҷумҳурӣ қарор дорад. Аллакай қитъаи замин барои бунёди хобгоҳ ҷудо гардидааст. Арзиши лоиҳавии иншоот 30 миллион сомониро дар бар мегирад. Лоиҳаи иншоотро барои маблағгузорӣ ба Кумитаи давлатии сармоягузории мамлакат пешниҳод кардаем. Дар натиҷаи пайдо гаштани шарик ҷиҳати сармоягузорӣ кардани 50 фоизи маблағ сохтмон шурӯъ хоҳад шуд. 50 фисади боқимонда аз ҳисоби донишгоҳ маблағгузорӣ мешавад. Умед дорем, ки ин мушкилот дар солҳои наздик ҳал мегардад.

Ба иттилои ректори донишгоҳ масъалаи бунёди хобгоҳ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди пурсиш қарор гирифта, ба масъулон супориш дода шудааст, ки ҷиҳати оғози сохтмон чораҷӯӣ намоянд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

 «Садои мардум»