Аз нишастҳои матбуотӣ

Донишгоҳ дар рейтинг ҷойи аввалро ишғол намуд

№16 (4756) 02.02.2024

Тибби (2)Бо иқдоми созандаи ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Рӯдакӣ -139 Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ таъсис дода шуд. Дар ин бора Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Дар соли таҳсили 2023-2024 аз 27 давлати дунё 1793 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, таҳсил бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. 60,9 дарсади донишҷӯён бо забони русӣ, 25,7 дарсад бо забони давлатӣ ва 13,4 дарсад бо забони англисӣ таҳсил мекунанд.

Соли 2023 донишгоҳ дар рейтинги беҳтарин донишгоҳҳои Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуда, дар номинаи беҳтарин донишгоҳҳои тиббии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Молдова ва Беларус мақоми аввалро ишғол намуд.

 Аз шумораи умумии хатмкунандагон 14 донишҷӯи ватанӣ ва 2 донишҷӯи хориҷӣ ба гирифтани дипломи аъло шарафёб ­гардиданд.

Тилло НЕКҚАДАМОВ,

«Садои мардум»