Аз нишастҳои матбуотӣ

Эмгузаронии 17 миллиону 792 ҳазор сар ҳайвону паранда

№16 (4756) 02.02.2024

DSC_7724Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2023-юм 690207 сар чорвои калони шохдор аз санҷиш гузаронда шуда, дар натиҷа, 712 сар чорвои гирифтори бемории брутселлёз ошкор ва тибқи дастурамал забҳ гардиданд.

Барангезандаҳои бемориҳои сӯхтанӣ дар 14 ҳолат, бемории сиёҳрон — 3, ҳорӣ — 34, брадзоти гӯсфандон дар 5 ҳолат, ҳамчунин, 2 ҳодисаи гирифторӣ ба пастерелёзи чорвои калони шохдор ва 1 ҳодисаи гирифторӣ ба пас­терелёзи чорвои хурд ба қайд гирифта шуд.

Дар давраи мавриди назар нисбат ба 1854 нафар санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода,  425349 сомонӣ ҷарима ба буҷети давлат ворид гардид.

Соли 2023 ба маблағи беш аз 4 миллион сомонӣ маводи байторӣ харидорӣ ва ба шаҳру ноҳияҳо дастрас гардид. Аз ин ҳисоб бештар аз 17 миллиону 792 ҳазор сар ҳайвону паранда эмгузаронӣ шуданд.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»