Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар ноҳия 29 лоиҳа татбиқ гардид

№ 11.08.2023

IMG-20230810-WA000510 августи соли 2023 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нишасти матбуотӣ доир гардид. Раиси ноҳия Гулзода Зафар изҳор дошт, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ нақшаи андоз бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 131,8 фоиз таъмин гардида, ба буҷет маблағи 12,5 миллион сомонӣ ворид гардидааст. Иҷрои нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ 104 фоиз баробар ба 4 миллиону 875 ҳазор сомонӣ, андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ бошад 1 миллиону 390 ҳазор сомонӣ  баробар ба 101 фоизи нақшаро ташкил дод.

Бино ба иттилои номбурда, бо мақсади амалӣ гардидани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоистаи сокинон «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021 – 2025» мавриди амал қарор дорад, ки он 124 лоиҳаро ба маблағи 361,8 миллион сомонӣ дар бар гирифта, ба ҳолати якуми июли соли ҷорӣ 29 лоиҳа ба маблағи 58,2 миллион сомонӣ иҷро гардидааст.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 81 миллиону 870 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия ба 48 миллиону 645 ҳазору 500 сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 8 миллиону 289 ҳазору 500 сомонӣ зиёд мебошад. Корхонаҳои саноатӣ ноҳия бошанд дар ин муддат 27 навъи маҳсулоти санотиро истеҳсол намуданд, — гуфт Гулзода Зафар ва ҳамчунин афзуд: — Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин корҳои созандагию бунёдкориҳо бо мароми баланд идома дошта, аз шумораи 216 иншооти ба нақша гирифташуда дар 51 — тои он корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, дар 90 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Тибқи нақша дар соли 2023 ба истифода додани 42 иншоот дар назар аст.

 Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»