Аз нишастҳои матбуотӣ

Фархор: Бунёди 400 иншоот дар нақша аст

№ 17.02.2023

FB_IMG_16587416861509-уми феврали соли 2023 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор нишасти матбуотӣ доир гардид. Раиси ноҳия Зариф Назирӣ изҳор дошт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созандагию ободкорӣ идома дорад. Сохтмону навсозии 400 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, соли 2022-юм 80 иншоот, соли 2023-юм — 75, соли 2024-ум — 81, соли 2025-ум 59 ва соли 2026 сохтмони 106 бинову иншоот ба нақша гирифта шуданд.

Аз моҳи январи соли 2022 то якуми январи соли 2023 сохтмони 80 бинову иншооти гуногун бо харҷи 63 миллиону 554 ҳазор сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Соли сипаришуда нақшаи қисми даромади буҷет, ба андозаи 105, 2 фоиз таъмин гардид.

Соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 1 миллиону 501 ҳазору 462,8 ҳазор сомонӣ расид, ки 115,4 фоизи нақшаро ташкил дод. Кишоварзони ноҳия дар 9650 гектар пахта кишт намуда, 22 ҳазору 518 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуданд.

Дар асоси иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2022 — 2025»-ум 10 гектар боғҳои нави мевадиҳанда аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ бунёд гардид. Ҳамчунин, дар 7 гектар гармхона амал мекунад, ки аз он 1,77 гектар гармхонаи доимӣ ва 5,23 гектар гармхонаи мавсимӣ мебошад.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»