Аз нишасти матбуотӣ

Ихтисоси нав дар Донишкадаи фарҳанг ва санъат

№103-104 (3583-3584) 03.08.2016

 Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Латифзода Диловар Назришоҳ 25 июли соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ дар бораи фаъо­лияти донишкада дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ сухан ронда, аз ҷумла иброз намуд, ки вобаста ба муҳимтарин санаҳои таърихӣ чорабиниҳои гуногуни эҷодию тарбиявӣ ташкил ва доир шуд.

Дар се вилоят курсҳои такмили ихтисоси кормандони фарҳанг баргузор гардида, ихтисоси нав – роҳбари мусиқии муассисаҳои томактабӣ ва муаллими мусиқӣ (шакли таълими ғоибона) кушода шуд.

Фаъолияти эҷодии устодону донишҷӯёни донишкада ба воситаи ансамблҳои таълимии «Бонувон», «Шашмақом», «Фалаксароён», «Бунафша», маҳфили ровиён, театри таълимӣ тавассути таҳия ва тарҳрезии барномаҳои эҷодӣ амалӣ гардид. Ҳисоботи эҷодии ҳунармандони беҳтарин ансамблҳо ташкил шуд.

Донишҷӯёни факултети театр, кино ва телевизион чор асари саҳнавиро чун кори дипломӣ пешниҳод карданд.

Донишҷӯён, ҳамчунин дар озмуну фес­тивалҳои собиқ давлатҳои узви Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок карда, ҷойҳои намо­ёнро сазовор шуданд. Ҳикояи «Ночь без сказки»-и донишҷӯи курси дуюми шуъбаи рӯзноманигории телевизион Эминова Тахмина дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» — и Ҷумҳурии Беларус ҳамчун ҳикояи беҳтарин ба чоп расид.

Филмҳои омоданамудаи донишҷӯёни шуъбаи режиссураи филми бадеӣ «Хобидан мехоҳам», «Гули бахт» ва «Миллионер» баҳои баланди тамошобинонро сазовор гардиданд.

Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳафтаи ҷавонон дар донишкада озмуни «Сарояндаи беҳтарини сол», «Навозандаи беҳтарини сол», намоишҳои «Ҷашни гулҳо» ва «Ҷилваи ҳусн» баргузор шуд.

Дар донишкада 129 нафар тибқи Квотаи президентӣ таҳсил доранд, ки 83  нафар духтар ва 46 нафар писар мебошанд.

Соли ҷорӣ донишкадаро 307 нафар, аз ҷумла 31 нафар бо дипломи аъло, хатм намуда, онҳо тибқи роҳхати вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм ба кор фиристода шуданд.

Абдумаҷид МУРОДОВ, Садои мардум»