Аз нишастҳои матбуотӣ

Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 26 фоиз коҳиш ёфт

№12(3649) 04.02.2017

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон Шерхон Салимзода дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки соли 2016 аз ҷониби  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶумҳурииТоҷикистон — 808 кг (соли 2015 — 1 т 20 кг) ё 20 фоиз камтар, Вазорати корҳои дохилӣ — 1 т 641 кг (с. 2015 — 2 т 20 кг) ё 19 фоиз камтар, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ — 845 кг (с. 2015 — 1 т 476 кг)  ё 42 фоиз камтар, Хадамоти гумрук- 27 кг (с. 2015 — 150 кг) ё 82 фоиз камтар маводи нашъаовар мусодира шудааст.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016- ум 106 кг маводи мухаддир мусодира намудааст, ки нисбат ба соли 2015- ум 11 маротиба зиёд мебошад. Ҳамчунин, ду ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари навъи синтетикӣ ва моддаҳои психотропӣ ошкор ва аз муомилот 180 (с. 2015 — 5439) дона ҳабби синтетикии навъи «Экстазӣ» (МДМА) ва Амфетамин мусодира шуд. Дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 13 337 адад ҳаби моддаҳои психотропӣ мусодира шудааст, ки назар ба соли 2015- ум 2104 адад ё 18,7 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин, зикр гардид, ки дар соли 2016- ум 112 (соли 2015-107) парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 161 нафар (соли 2015-163) ба суд ирсол карда шуд. Давоми сол фаъолияти 62 (соли 2015 — 60) гурӯҳи ҷиноӣ ошкор ва безарар гардонида шуд.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,  «Садои мардум»