Аз нишастҳои матбуотӣ

Нақши ҷавонон дар раванди бунёдкорӣ пурзӯр мебошад

№ 10.08.2023

1660543042_muhtaram-raisНишасти матбуотие, ки санаи 9 — уми августи соли равон дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, хеле таассуротбахш сурат гирифт…

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода нахуст, аз хусуси иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  роҳандозии чорабиниҳои муҳим дар самти самаранок татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, рушди соҳаи варзиш, баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, худшиносию зиракии сиёсии онҳо, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат, мулоқоту вохӯриҳо миёни наврасону ҷавонони синни 14 — 17 сола,  хизмат ба Ватан, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияҳои нав,  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, нишон додани вокунишҳои саривақтӣ ва бисёр масоили марбут ба ин соҳа муфассал мулоҳизаронӣ намуд.

  Баъдан, мавсуф ба ҳозирин роҷеъ ба баргузории семинарҳои омӯзишӣ, конфронсу мизҳои мудаввар, ҳамоишу аксияҳо, чорабиниҳои хусусияти маърифатию адабӣ, фарҳангию иттилоотӣ ва фароғатидошта,  иншооти варзишӣ, марказҳои солимгардонӣ, иншооти махсуси варзишӣ аз қабили тир, фитнес, клубҳои тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш, машқҳои пагоҳирӯзӣ, ривоҷу равнақи тамоми навъи мусобиқаҳо дар сатҳи шаҳру навоҳии мамлакат иттилоъ дод.

Дар қисмати охири нишасти матбуотӣ Абдулло Раҳмонзода  чунин изҳор дошт:

- Дар нимсолаи якуми соли 2023 дар тамоми самти фаъолияти Кумита 51 ҳазору 181 чорабинӣ бо фарогирии 4385710  нафар ҷавонон ва аҳли ҷомеа, варзишгарон, иштирокчиён ва мухлисон чорабиниҳои варзишӣ доир шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аз ҷиҳати теъдоди чорабинӣ 4190 (8,1 фоиз) ва ҷиҳати фарогирӣ 48339 нафар (1,1 фоиз), зиёд мебошад.   Раҳбарият ва масъулину мутасаддиёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  минбаъд низ нақши ҷавононро дар раванди давлатдорӣ ва созандагию бунёдкорӣ  пурзӯр намуда, ҷиҳати  бо садоқату самимият ба Ватан ва миллати худ содиқона хидмат намуданро ҳидоят сохта, баҳри иттиҳоду ягонагии мардуми азизи хеш  саъю талош меварзанд.

Дар хотима рӯзноманигорон ба суолҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,

«Садои мардум»