Аз нишастҳои матбуотӣ

Нарасидани омӯзгорони соҳибунвон мушкили асосист

№12(3649) 04.02.2017

ДОниќгои омузгорон- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон карданд. Ин дастури Пешвои муаззам масъулияти мо — омӯзгоронро дучанд менамояд, — гуфт дар нишасти матбуотӣ 25 январи соли равон ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Маҳмадизода Муродалӣ Маҳмадӣ.

-Ташрифи Сарвари давлат дар соли сипаригардида ба донишкада барои донишҷӯён ва устодон хотирмон аст ва бо кушодани маҷмааи варзишӣ рӯҳияи ҷавонон боз ҳам баланд гардид. Робитаро бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мустаҳкам намуда, бо хатмкунандагони мактабҳо вохӯриҳо мегузаронем ва мекӯшем, ки сафи донишҷӯёни аълохонро зиёд намоем. Яъне, беҳтаринҳо бояд дар риштаи омӯзгорӣ таҳсил кунанд ва оянда дар тарбияи насли наврас саҳм гузоранд.

Соли 2016 донишкадаро зиёда аз 370 нафар хатм намуд. Мушкилоти мо, пеш аз ҳама, нарасидани мутахассисон мебошад. Шумораи устодони унвони илмидошта хеле кам аст. Мебоист то имрӯз 35 фоизи омӯзгорони донишкада дорои дараҷаи илмӣ ва ҳашт фоизи дигар дорои дараҷаи илмии доктори илм бошанд, — илова намуд Маҳмадизода Муродалӣ Маҳмадӣ.

Диловари МИРЗО,  «Садои мардум»