Аз нишастҳои матбуотӣ

Низомномаи намунавии дастгоҳи ҷамоати шаҳрак тасдиқ гардид

№86 (4192) 16.07.2020

Қурбонзода-Бег-Хол14 июли соли равон бо иштироки муовини якуми раиси Кумитаи рушди маҳалли назди ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қурбонзода Бег Хол нишас­ти матбуотӣ доир шуд.

Номбурда қайд кард, ки мақсади кумита фароҳам овардани шароит барои рушди маҳал, таҳкими низоми идоракунии маҳаллӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ  ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошад.

Аз суханронии ӯ маълум гардид, ки бо дастгирӣ ва ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ду ҷамоати шаҳрак таъсис ва бо бино ва таҷҳизоти замонавӣ таъмин шуданд.

Бо мақсади таҳкими низоми идоракунии маҳаллӣ ва муайян намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои дастгоҳи ҷамоати шаҳрак ва деҳот «Низомномаи намунавии дастгоҳи ҷамоати шаҳрак  ва деҳот» таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2019, № 577 тасдиқ гардид.

Аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи «Нақшаи чорабиниҳо  доир ба амалисозии Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз 19 майи соли 2020 тасдиқ гардид. Илова бар ин, лоиҳаи «Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гардида, барои баррасӣ ба аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ ирсол шуд.

Кормандони кумита бо мақсади иҷрои банди 34 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2019 «Дар бораи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани «Озмуни деҳот ва шаҳраки беҳтарин» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 Низомнома ва меъёрҳои муайян намудани ғолибони озмунро таҳия намуданд.

Соли равон аз 36  шаҳру ноҳия ба кумита пешниҳод  вобаста ба номивазкунии маҳалҳои аҳолинишин ворид гардида, 13 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси хулосаҳои пешниҳоднамудаи вазорату идораҳо барои мувофиқа  омода шуд.

Тиллои НЕКҚАДАМ,  «Садои мардум»