Аз нишастҳои матбуотӣ

Норак: 35 лоиҳаи барномаи рушди шаҳр иҷро гардид

№ 15.02.2023

asozoda- Бо мақсади рушди соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр соли 2021 «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Норак барои солҳои 2021-2025» таҳия ва бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр тасдиқ шудааст. Барнома 183 лоиҳаро бо маблағи 453,6 миллион сомонӣ дар бар мегирад ва соли 2022-юм 35 лоиҳаи он бо харҷи 47,2 миллион сомонӣ ё ба қадри 17 фоиз иҷро гардид, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 8-уми феврали соли 2023 раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бе дарназардошти неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» 110,6 миллион сомонӣ ё 134,9 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2021-ум 28,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Корхонаҳои саноатии шаҳр 1,6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба соли пеш 106,6 фоиз ё ин ки 101, 5 миллион сомонӣ зиёд аст.

 Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2022 шабакаҳои барқии шаҳр ба аҳолӣ ва корхонаю муассисаҳо ба маблағи 21,2 миллион сомонӣ неруи барқро фурӯхта, 18,5 миллион сомонии онро ҷамъоварӣ карда, 2,7 миллион сомони он боқӣ мондааст. Барои кам кардани талафоти неруи барқ 1950 адад ҳисобкунакҳои барқӣ аз дохили биноҳои истиқоматии маҳаллаҳои Лангар, Энергетик, Яхпул, Истиқлол ва Чал-Чал бароварда, дар ҷойҳои намоён насб карда шуд.

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»