Аз нишастҳои матбуотӣ

Норак. Вазъи санитарии шаҳр хуб нест, интизоми меҳнат риоя намегардад

№ 04.08.2023

366357902_627983829419837_1968143483928535128_n- Тибқи маълумоти оморӣ дар шаҳри Норак 19 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ба истеҳсоли неруи барқ, таҷҳизоти металлӣ барои сохтмони НБО «Роғун», масолеҳи сохтмонӣ, молҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли гӯшти парранда ва обҳои ташнашикан равона карда шудааст. Дар шаш моҳи соли 2023 корхонаҳои саноатӣ 887,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 137,9 миллион зиёд буда, 118,4 фоизро ташкил медиҳад,-изҳор дошт раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода 3-юми августи соли 2023 зимни нишасти матбуотӣ.

Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 113,4 фоиз ё 62,4 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли 2022-юм  7,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ бо назардошти андози иҷтимоӣ 102 фоиз, қисми хароҷоти буҷет бошад, аз рӯи нақшаи пешбинишуда 97 фоиз ё 33,4 миллион сомонӣ таъмин карда шудааст. Шабакаҳои барқ ва тақсимоти барқи шаҳр дар ин давра ба аҳолӣ ва корхонаю муассисаҳо ба маблағи 12 миллиону 433,4 ҳазор сомонӣ нерӯи барқ фурӯхта, 12 миллиону 471,9 ҳазор сомонӣ ҳақи истифодаи барқ ҷамоварӣ гардидааст, ки 100,3 фоизи нақшаро ташкил менамояд. Қарздорӣ аз неруи барқ дар шаш моҳи аввали соли равон 26 миллиону 043 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 9,3 миллиони он ба аҳолӣ ва бештар аз 17,1 миллион сомонӣ ба корхонаю идора ва ташкилоту муассисаҳои шаҳр рост меояд.

Хабарнигорон дар ҷараёни нишасти матбуотӣ оид ба беаҳамиятӣ ба Парчами хоку чанг зеркардаи болои идораю корхонаҳо,  риоя нагардидани интизоми меҳнат дар Раёсати молия, Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, Нозироти андоз, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, вазъи ғайрисанитарии маркази шаҳр ва наҳрҳои обгузари ду шафати роҳи мошингард, маҳсулоти полезӣ ва обҳои ташнашикан, ки дар рӯи роҳи пиёдагард зери офтоби сӯзон гузошта шудаанд суолҳо пешниҳод карданд. Барои ҷавоби мушаххас пайдо кардан Дилшод Асозода хост масъулин ба ин саволҳо посух гӯяд, вале роҳбарони корхонаю идораҳои номбурда ба ҷои ҷавоб гуфтан хомӯширо авлотар донистанд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»