Аз нишастҳои матбуотӣ

Раҷаббой Аҳмадзода: «Ҳатман бо журналистон вохӯред»

№99 (4682) 07.08.2023

TFFClubLicensing-Sogd2Дар нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ки таҳти роҳбарии раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Раҷаббой Аҳмадзода 1-уми августи соли 2023 баргузор гардид, журналистон аз раиси вилоят ба саволҳояшон посух гирифтанд.

Аз посух ба саволи марбут ба тат­биқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат маълум гардид, ки дар вилояти Суғд корхонаҳое бунёд мешаванд, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ягонаанд. Инро дар мисоли коргоҳи истеҳсоли маводи полиграфии «Папирус» дидан мумкин аст, ки дафтару албомҳои истеҳсолкардааш на танҳо талаботи аҳолии вилоятро қонеъ мекунад, балки 70 фоизи маҳсулоти он содирот мешавад. То Ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 700 корхонаи саноатии нав бо 12000 ҷойи корӣ сохта хоҳанд шуд.

Дар нишасти матбуотӣ дар бораи корхонаҳои аз кормонда пурсон шуданд.

- Сабаби асосии бозистии корхонаҳо куҳна шудани технологияи истеҳсолот ва ба рақобати иқтисоди бозорӣ тобовар нашудани онҳо буда, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо ҷудо кардани маблағҳои қарзии имтиёзнок ният дорад барои эҳё шудани фаъолияти онҳо мусоидат кунад,- гуфт раиси вилоят.

Дар ҷамъомад роҷеъ ба коста шудани ҳусну қубҳи нишастҳои матбуотии сохторҳо сухан рафт. Масалан, сохтори барқтаъминкунии вилоят баъди гузаронидани ислоҳоти соҳа чанд муддат аст, аз баҳри нишасти матбуотӣ баромадааст. Масъулини ин ниҳод чунин баҳона пеш оварданд, ки нишасти матбуотиашон дар маркази ҷумҳурӣ барпо карда мешавад.

- Шумо сохтори муҳими давлатӣ ҳастед. Хусусан бо ҷурми баъзе аз масъулони бемасъулияти шумо интиқоли қувваи барқ гоҳу ногоҳ бе огоҳии пешакӣ қатъ карда мешавад. Бар асари он соҳаҳои обтаъминкунии вилоят, хоҷагиҳои деҳқонӣ зарари ҷиддӣ мебинанд. Шумо бояд ҳатман бо журналистон вохӯред ва ба саволҳояшон ҷавоб диҳед, — дастур дод Раҷаббой Аҳмадзода.

Вобаста ба вазъият дар минтақаҳои наздисарҳадии вилоят бо Ҷумҳурии Қирғизистон Раҷаббой Аҳмадзода чунин гуфт:

- Мо вазифадорем, ки новобаста аз ҳодисаҳои гузашта оини ҳамсоядориро риоя кунем. Ҷониби Қирғизистон низ дар ҳамин мавқеъ аст. Дар мулоқоти навбатӣ роҳбарияти вилояти Бодканди Қирғизистон гуфт, ки «муносибатҳоямонро аз саҳифаи наву тоза оғоз мекунем». Мо ба чунин мувофиқа расидем, ки бозорҳои наздисарҳадиамон низ бонавбат фаъолияти худро эҳё кунанд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»